Маълумоти охирин

ЮНОНИ КАДИМ

ЮНОНИ КАДИМ, Эллада (юн. Hellas), номи умумии худуди давлатхои гуломдори дар чан. нимчаз. Балкан, чаз-хои б. Эгей, сохилхои Фракия, як кисми Осиёи Хурдро гуянд.

yunoni-kadim

Очерки таърирхи. Бино ба маълумоти археологи одамон аз даврахои кадим маскуни терр. Юнон буданд. Дар а-хои 8—6 то м. шакли алохидаи ташкилоти ичтимоию иктисоди ва сиёсии Ю. К.— полис (шахр — давлати ахолиаш гражданхои озод) ба вучуд омад. Ахолии озоди полис сохиби гулом ва замин буд. Касабасозии Ю. К. дар хамин давра авч гирифт. Дар заминхои сохили шимолии б. Эгей, кисми терции Сицилия, сохилхои халичи Терентии Италия ва сохилхои б. Сиёх касабахои Ю. К. буньёд ёфтанд. Дар Ю. К. савдо ахамияти байналхалки пайдо кард. Муборизаи Демос бар зидди аъёну ашрофи авлоди ва ба гулом табдил ёфтани одамони карздор хусусияти асосии а-хои 8—6 то м. мебошад. Дар ох. а. 6 то м. бо сардории Спарта иттиходи чанд шахр — иттифоки Полопонисс таъсис ёфт. Мустахкамшавии мавкеи Афина боиси тараккиёти Ю. К. гардид. Вай барои голиб омадани юнониён дар Чанги Юнону Эрон (300—449 то и.) роли калон бозид. Хусусан дар ахди Перикл (443—429 то м.) Афина ба авчи тараккиёт расид. Катъи наар аз ин байни Афина ва Коринф дар масъалахои рохи тичоратии Гapo, байни Афина ва Спарта дар масъалай хукмрони дар Ю. К. зиддияти катъи вучуд дошт, ки он боиси чанги Пелопоннес (431—404 то м.) гардид. Чанг бисьёр полисхоро ба гирдоби худ кашида, нотавонии иттиходи Афинаро нишон дод ва бо маглубияти он ба охир расид. Афина аз тамоми территорияи берунаи худ махрум гашт ва флоташ ба ихтиёри Спарта гузашт. Дар Ю. К давраи хукмронии Спарта огоз ёфт. Дар чанг ба гайр аз Афина, дигар шахрхо низ талафот доданд. Иктидори харбии полис суст шуд. Тараккиёти минбаъдаи гуломдори, тичорат, хунарманди, хочагии молию пули асоси полисро вайрон кард. Кашшокшавии дехконон ва хунармандон вазъияти полисро боз хам вазнинтар гардонд.

Спарта с. 395 ба мукобили Коринф чанг (395—387 то м.) cap кард. Афина, Коринф ва диг. иттифоки давлатхо бар зидди Спарта чангиданд. Мувофики сулхномаи Анталкид (387) Спарта худуди бар хамаи шахрхои Ю. К. назорат карданро гирифт. Спарта душмани асосии мустакилият ва озодии Ю. К. гардид. С-хои 378—377 ба мукобили Спарта Иттифоки дуюми бахрии Афина таъсис ёфта, ба он Фива хам дохил шуд. С. 371 дар мухорибаи назди Левктра фивагихо кушунхои Спартаро маглуб карданд. Баъди дар мухорибаи назди Мантинея (362) халок гардидани сарлашкари фивагихо — Эпаминонд давраи тараккиёти кутохмуддати Фива ба охир расид. Афина дар Иттифоки дуюми Афина хост мавкеи худро мустахкам немуда, тартиботи Иттифоки якуми бахриро чори кунад. Ин дар байни иттифокчиён низоъ ба амал оварда, сабаби чанги с-хои 357—355 то м.-и иттифокчиён гардид, ки дар натича иттифок бархам хурд. Дар ин давра дар шим. Ю. Д. Макдуния торафт пуркувват мегардид. Шохи Макдуния Филиппи II бо бахонаи мухофизати озодии эллинихо тадричан Ю. К.-ро ба даст даровард. У аввал сохилхои Фессалия, сипас Фокида, Халкидика ва Фракияро ба тасарруфи худ даровард. Дар ин давра дар Афина ва диг. полисхо байни гуруххои Макдуния ва мукобилони он мубориза cap шуд. Бо рохбарии Демосфен ба мукобили Макдуния иттифоки шахрхои Ю. К- ташкил ёфт. Вай дар мухорибаи назди Херонея (338) маглуб шуд. Филиппи II с-хои 338—337 то м. дар Коринф конференция даъват намуда, тобеи Макдуния гаштани Ю. К.-ро ба расмият даровард. Дар тамоми полисхо тартиботи олигархи чори гардид, ки онро гарнизонхои макдуни дастгири мекарданд.

Мухорибаи назди Херонея ва бо сардории Искандари Макдуни галаба кардани кушунхои юнонию Макдуни дар Ю.К. ба давраи эллинизм бтидо гузошт. Баъди вафоти Искандар (323) империяи у пароканда шуд. Ба чои он давлатхои мустакили элини ба вучуд омаданд. Империяи Селевкиён мутлакияти Птолемейхо ва Макдуния калонтарини онхо буданд. Далвтахои Ю.К. бо ёрии Афина мекушиданд аз хукмронии Макдуния рахо ёбанд. Вале Афина дучори маглубият шуд. Ду иттифоки пуркувват: Архея ва Этолия гохо хамрох гохо алохида ба мукобили Макдуния мубориза мебурданд. Агар ба иттифоки Архея кисми зиёди Плеопоннес ва шахрхои калон дохил шуда бошанд, ба иттифоки Этолия гайр аз Этолия кисми миёнаи Ю.К. (б гайр аз Афина), чануби Фессалия ва якчанд шахрхо дохил буданд. Чангу чидолхои ворисони Искандар ва муборизаи ду иттифок барои хокимияти Ю.К. боиси харобии бисёр шахрхо ва ба гуломи фурухта шудани одамон гардид. Дар мухорибаи назди Киноскефал (197) римиён макдуниёнро маглуб намуда ба корхои дохилии юнониён дахолат мекардаги шуданд. Тобистони с.196 сарлашкари Рим Фламинин дар бозихои Истмий юнониёнро «озод» эълон кард. Аз хамон сол Ю.К. дар амал тобеи Рим шуд. Макдуния мавкеи сиёсии худро гумм карда, хамрохи Иллирияю Эпил ба яке аз вилоятхои Рим табдил ёфт (148) ва Иттифоки Этолия бархам хурд. Иттифоки Ахея ки ба Римиён муковимат нишон додани буд с.146 дучори маглубият гашт. Ин вокеа хам сабаби дар амал зери тасарруфи Рим мондани Ю.К. гардид.

Баробари пойдоршавии Империяи Рим Ю, К. ба музофоти Ахеяи Рим табдил ёфт.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …