Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «УММОН-УЛ-МАОНИ»

«УММОН-УЛ-МАОНИ»

«УММОН-УЛ-МАОНИ» фарханги тафсирии точикист, ки соли 1455 Шайх Низом ном касе таълиф кардааст. «Уммон-ул-маони» такрибан 14 хазор моддаи лугави дошта, аз руи тартиби алифбои арабиасоси точики — харфхои аввал ва охири калимаю иборахо (харфи аввал — боб ва харфи охир — фасл) сохта шудааст. Калимахое, ки бо харфхои хоси точики (п, ч, ж, г.) сар мешаванд, алохида не, балки дар бобу фаслхои харфхои чуфти алифбои арабиасоси точики (б, ч, з,к) чой гирифтаанд. Сарчашмахои мавриди истифодаи муаллиф зикр нашудаанд. Дар «Уммон-ул-маони» калимахои ба маънои мачози омада, таъбирот ва гайра низ тафсир ёфтаанд: бемагз — чохил; буфуруш — аттор; дароззабон — мутакаббир; даст шуст — ноумед шуд; дуди чарог хурд — дуруст мутолиа кард; хусрави ситорагон— офтоб. Ба гайр аз калимахои форси (точики) баъзе калимоти араби, турки, пахлави, иброни, суриёни ва гайра низ тафсир шудаанд. Як нусхаи «Уммон-ул-маони» (нусхахои дигараш хануз дастрас нашудаанд), ки дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии Академияи Фанхои РСС Точикистон махфуз аст, соли 1824 аз тарафи Мирзо Ниёз ном котиб дар Тошканд бо хати настаълики осиёимиёнаги китобат шудааст.
Адабиёт: Рауфов Х., Лугати «Уммон-ул-маони», дар мачмуаи: Забоншиносии точик, Душанбе, 1980. Х. Рауфов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.