Маълумоти охирин
Главная / Биология / Тортанаки ГУНДА

Тортанаки ГУНДА

ГУНДА, (Lathrodoctes tredocimgul-tatus), як навъ тортанаки захрнокро гуянд. Рангаш сиёх буда, шикамаш холхои сурхи гирдашон сафед дорад. Дарозиаш то 2 см; наринааш хурдтар (4—7 мм) аст. Г. дар Африкаи Шимоли, Осиёи Гарби, Европаи Чануби дида мешавад; дар СССР дар биёбону доманакуххои республикахои Осиёи Миёна (аз чумла Точикистон) минтакаи дашт (аз Молдавия тод. Енисей), инчунин чан. Украина маскун аст. Г. бештар дар заминхои корамношуда, сохили чуй, чари ва г. зиндаги карда, асосан хашарот мехурад. Он аз чарангмор 15 маротиба захрноктар мебошад.

ghunda

Чои газидаи Г. сурхча шуда, баъди 10—15 кад. шикам, миён, кафаси сина ва пойхо ба дард медароянд; аксар вакт cap низ дард карда, чарх мезанад; одам безобита гашта кай мекунад, нафастанг ва пуст кабуд мешавад. Баъди 3—5 руз дар пуст доначахо медаманд ва холи бемор бад мегардад. Бемор одатан пас аз 2 —3 хафта шифо ёбад хам, беш аз як мох худро бемадор хис мекунад. Хангоми ёрии тибби надодан баъди 1—2 рузи газидани Г. мурдан мумкин аст.

Муолича: ба вена ё зери пуст фиристодани 30—70 мл зардоби зидди гунда, 10 мл махлули 10 фоизаи сулфати магний (ба вена), инчунин истифодаи дорухои дил ва бедардкунанда (новокаин, промедол, строфантин ва г.). П. И. Марпковский бо гугирдчуб сузонидани (то 1:—2 кад. баъди газидан) чои Г. газидаро (аз таъсири гарми задр тачзия мешавад) тавсия кардааст.

Аз захри Г. шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Бинобар ин дар чойхое, ки Г. хаст, аввал чаронидани гусфандон мувофики максад мебошад, зеро онхо аз захр кам зарар дида, Г.-хоро поймол мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …