Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Тазкираи «Ништари ишк»

Тазкираи «Ништари ишк»

«Ништари ишк» тазкираест, ки Хусайнкуллхони Азимободи соли 1918/19 дар Хиндустон таълиф кардааст. Аз мукаддима ва 28 боб (мувофики хуруфи алифбои араби) иборат аст, ки муаллиф онхоро «ништар» номидааст. Дар мукад­дима муаллиф аз нияти тартиб до­дани тазкира, аз сафархову мулокотхояш бо шоиру нависандагони муосир, чамъоварии намунахои ашъори шоирон хикоят мекунад. Хусайнкуллхони Азимободи тамоми маъхазхои дар таълифи «Ништари ишк» истифодакардааш (тазкирахо, асархои таърихи, осори бадеи ва гайра)-ро номбар кардааст, ки шумораи онхо беш аз 80 аст.

Дар кисмати асосии «Ништари ишк» муаллиф оид ба зиндагиву ахволи 1470 шоири форсизабон аз пайдоиши шеъри форс-точик то замони худ маълумот дода, аз эчодиёти онон намунахо меоварад. Маълумотн «Нишрати ишк» нисбат ба тазкирахои дигар пурратар аст. Муаллиф дар бораи намунахои ашъори интихобкардааш баъзе фикру акоиди танкидии худро баён кар­дааст. Баъзе шоирони муосирашро, ки аз дигар тазкирахо берун мондаанд ба «Ништари ишк» дохил кардааст. «Ништари ишк» хамчун маъхази мухимми адаби ва таърихй дар даврахои минбаъда мавриди истифодаи тазкиранависон ва мухаккикоти таърихи адабиёти форс-точик каpop гирифт.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …