Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Тазкираи Майхона

Тазкираи Майхона

«МАЙХОНА» тазкираи Абдуннабии Фахруззамонии Казвини, ки соли 1619 дар ш. Патнаи Хиндустон таълиф шуда, шархи хол ва намунаи осори 90 шоири сокиноманависро дар бар мегирад. Тартиби умумии тазкира ва тарзи табакабандии он аз руи «мартаба» ба тарики зайл аст: Мартабаи аввал — дар зикри 29 нафар шоиронест, ки пеш аз таълифи тазкира вафот кардаанд. Ин кисмат бо Низоми огоз ёфта, бо Афзалхон ба анчом мерасад. Аз миёни шоирони ин фасл муаллиф танхо бо шоир Шикеби мулокот кардааст. Мартабаи дуюм — дар зикри 23 суханварест, ки то замони таълифи тазкира зинда ва машхур будаанд.

maixona

Ин фасл бо зикри Суфии Мозандарони огоз шуда, бо худи муаллиф анчом ёфтааст. Мувофики гуфтаи худаш у бо аксари ин шоирон мулокот кардааст. Мартабаи сеюм — иборат аз 38 нафар шоиронест, ки то шиносой ва мулокоташон бо муаллиф сокинома нагуфтаанд. Аз ин миён у сокиномахои Зехнии Кашмири, Зиёии Мувашшахи, Дайрии Кобули ва Ахволии Систониро накл кардааст. Ин кисм бо Назирии Нишопури cap шуда бо Дарвеши Човид ба поён расидааст.

Хусусияти ба назар намоёни тазкира ин аст, ки дар он зикри ахволи шоирон муфассалтар буда, ном, тахаллус, маълумоти рочеъ ба гузаштагони суханварон, девон доштан ё надоштанашон, таърихи таваллуд, вафот, чои дафн ва намунаи сокиномахои онхо сабт гардида аст. Баъзе аз шоироне, ки мулокоти бевоситаи онхо бо муаллифи китоб муяссар нагардида аст, аз руи накли дустону хешони онхо зикр шудааст.

Баъзе сокиномахое, ки дар тазкира оварда шудаанд, дар хеч маъхази дигар дучор намегарданд. Шархи холи шоирон Васлии Шерози, Малакии Казвини, Аскарии Кошони, Сафони Табрези, Харифии Мусанниф, Мирабдуллохи Мижжа, Зиёии Мувашшахи, Мавлоно Руми ва г. низ дар ягон манбаи дигар дарч нашудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …