Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУРШМУРУД

ТУРШМУРУД

ТУРШМУРУД, турушмуруд, як навъ муруди махаллист. Дарахташ аз 7 то 16 м кад мекашад. Пустлохи тана ва шоххои гафсаш хокистарии сиохтоб, шоххои борикаш буртоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 8 см, бараш 4 см), мевааш лунда (апдаряк 81 г), пусташ гафсу сахт ва чилодор, сабзтоб (тарафи офтобрасаш сурхи зардча), магааш сафеди гулобитоб, камобу нордон (12,8% канд, 0,38% турши ва 0,43 мг% витамини С дорад).

murud

Аввали сентябр мепазад. Нихолаш баъди 7—8 соли кучат ба хосил медарояд. Дарахти 30—40-солаи уршмуруд 120—140 (баъзан то 400) кг хосил медихад. Онро асосаи дар Гарму Чиргатол мепарваранд.

Адабиёт: Косимов М., Навъхои махаллии муруду нокхо, Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …