Маълумоти охирин

ТУРОН

ТУРОН, Турон, яке аз кишвархои кадимие, ки марзу худуди он ба Мовароуннахр мутобикат мекунад. Калимаи Турон аз чузъхои тур (дар Авесто tura — далер, диловар) ва суффикси чамъбандии -он таркиб ёфтааст. Дар замонхои кадим дар марзи Мовароуннахр кабилае бо номи тура мезистааст ва номи кишвар — Турон хам ба онхо марбут аст. Масъалаи пайдоиши кишвари Турон ва ки будани турониён ва зиддияташон бо Эрон дар аксари осори адабиву таърихи — аз Авесто то «Шохнома»-и Фирдавси инъикос ёфтааст. Мувофики «Шохнома» — Фаридун мулки худро ба се бахш карда, ба писаронаш Салм, Эрач ва Тур дод. Он бахше, ки ба Тур дода буд, Туронзамин ном гирифт.

Зиддияти Эрону Турон аз сабаби кушта шудани Эрач ба дасти Салму Тур сар зад. Сипас, чангхои байни Эрону Турон дар замони зиндагии авлоди Тур — Пашанг, Афросиёб ва дигарон, то Арчосп давом кард.

Дар баъзе осори адабиву таърихии баъдиисломи ва хамосахои турки Турон хамчун мамлакати туркхо шарх ёфтааст. Вале айният додани турониён ва туркхо, сарвари кабоили турк донистани кахрамони хамосаи эрони — Афросиёб ба хакикат мувофикат намекунад, чунки дар Турони кадим кабоили турк зиндаги намекарданд. Турониён ва эрониён кабилахои хамнажод буданд. Кабилахои турк дар ин нохия такрибан асри 6 пайдо шуда, тадричан маснан гирифтанд ва иштибох дар нисбат додани Турон ба кишвари туркон ба вучуд омад.

Адаюиёт: Абулкосими Фирдавси, Шохнома, чилди 1—9, Душанбе, 1964—66; Додихудоев Р., Эрону Турон чи маъни доранд?, «Адабиёт ва санъат», 13 ноябри 1986; Фрай Р. Н., Наследие Ирана, Москва, 1972.         М. Диловаров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …