Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ТУРКМАНИСТОН

ТУРКМАНИСТОН

turkmeniya

ТУРКМАНИСТОН, Республикаи Советии Сосиалистии Туркманистон (Туркменистан Социалистик Республикасы), дар чанубу гарби Оснёи Миёна вокеъ аст; аз гарб бо бахри Каспий ихота мебошад. Масохаташ 488,1 хазор км2. Ахолиаш 3118 хазор нафар (1984); туркманхо (1892 хазор нафар, 1979), русхо, узбекхо, казокхо, точикон ва гайра. Ахолии шахрхо 47%. Туркманистон 5 вилоят, 44 район, 15 шахр ва 74 птш дорад. Пойтахташ шахри Ашкобод.
Кисми зиёди худуди Туркманистон пастухамвор буда, онро биёбони Карокум ишгол кардааст, дар чануб ва чанубу гарб куххои Кабуддог ва Паропамиз вокеанд. Иклимаш хушки континептист. Харорати миёна январ —4°С (дар водии Атрек 4°С), июл 28— 32°С. Боришоти солона дар шимолу шарки республика 80 мм, дар куххо то 300 мм. Набототаш биёбонист; хокаш асосан бур ва хокистарранг. Дарёхо: Аму, Мургоб,Тачан, Атрек ва гайра Оби дарёи Аму бо Канали Карокуми ба номи В. И. Ленин то шахри Бахардук (тулаш 1100 км) мерасад. Шахрхон калони республика: Ашкобод, Чорчуй, Красноводск, Тошхавз, Мари, Байрамали, Тачан; шахрхои навбунёдаш: Небитдог, Бузмайин, Челекен.

turkmeniya1
Инсон дар худуди хозираи Туркманистон хануз дар давраи охири палеолит сокин буд. Дар худуди РСС Туркманистон яке аз кадимтарин дар СССР маданияти давраи неолит — маданияти чайтун вучуд дошт. Охири хазоран 2— ибтидои хазораи 1 то мелод давраи таназули чамоаи ибтидои ва ташаккули чамъияти синфи буд. Ба туфайли обёри сохаи асосии хочаги — зироат хеле пеш рафт. Асрхои 8—7 то мелод сохти гуломдори пайдо шуд. Дар худуди вилоятхои таърихии Маргиёи ва Порт, дар сохили чанубу шаркии бахри Каспий вилояти Гиркания (Гургон) вокеъ буданд, дар шимол кабилахои бодиянишини массагетхо ва дигарон умр ба сар мебурданд. Асрхои 6—4 то мелод ин вилоятхо ба тасарруфи давлати Хахоманшниён, охири асри 4 то мелод ба хайати империяи Искандари Макдуни даромаданд; дар миёнаи асри 3 то мелод дар ин чо давлати Порт ба вучуд омад. Минбаъд Сосониён давлати Портро сарнагун карда, чануби Туркманистонро ишгол намуданд. Дар миёнаи асри 1 дар нохияхои карибии бахри Арал гуннхо пайдо шуда, бо кабилахои чорводори махалли даромехтанд. Дар миёнаи асри 5 кисми зиёди Туркманистонро Хайтолиён забт карданд. То асри 6 дар нохияхои зироати муносибатхои феодали пайдо шуданд. Марв маркази калони тичорат гардид. Баъди истилои арабхо Туркманистон ба хайати давлатхои Тохириён ва Сомониён дохил буд. Дар ин давра шаклхои заминдории феодали хеле ривоч ёфт. Марказхои тичорату хунарманди — Урганч, Нисо, Абивард, Сарахс, Дехистон ва гайра ру ба таракки ниходанд. Дар асрхои 9—11 дар поёноб ва мачрои миёнаи дарёи Сир, Наздикаспий Шимоли ва Шарки огузхо маскун буданд, онхо соли 1040 бо мадади Салчукиён Туркманистонро забт карда, дар ташаккули туркманхо омили мухим гардиданд. Охири асри 12— аввали асри 13 Туркманистон дар тасарруфи Хоразмшохиён буд. Баъд урдухои Чингизхон ин сарзаминро забт карда, шахру дехотро хароб, як кисми мардумро нобуд карданд ва кисми дигарро ба гуломи бурданд. Туркманистон байни Олтинурда, улуси Чигатой ва давлати Халокуиён таксим шуд. Баъди тануззули давлати Халокуиён (миёнаи асри 14) ва камкувват шудани Олтинурда (солхои 60 асри 14) якчанд мулки мустакили нимфеодали ташкил шуд, ки онхоро солхои 70—80 асри 14 Темур ба давлати худ хамрох кард. Дар асрхои 16—17 Туркманистон кисман дар тасарруфи хонии Хева ва хонии Бухоро, кисман дар итоати Эрон буд. Асрхои 18—19 дар Туркманистон сохти феодали хукмрон буд, вале хануз мехнати гуломон истифода мешуд. Дар ин давра капитализми Россия ба бозор ва манбаъхои нави ашёи хом мухточ буд, алалхусус эхтиёчи саноати Роосия ба пахта торафт меафзуд. Ракобати Россияю Англия боиси он гардид, ки дар Осиёи Миёна фаъолияти Россияи подшохи хеле вусъат ёфт. Соли 1869 кушунхои Россия сохили шаркии бахри Каспийро ишгол намуда, шахри Красноводскро бунёд карданд. Солхои 1869—85 Туркманистон ба Россил хамрох шуд. Соли 1882 дар худуди Туркманистон вилояти Закаспий (марказаш Ашкобод) таъсис ёфт. Ба хайати Россия дохил шудани Туркманистон ахамияти калони прогрессиви дошт. Туркманхо аз чангхои тулонии байнихуди, аз тохтутоз ва горати давлатхои феодалии хамсоя начот ёфтанд, гуломфуруши катъиян манъ гардид. Охири асри 19—авв али 20 ба Туркманистон капитали Россия ва кисман капитали хоричи рох ёфт. Аввалин корхонахои хурди саноати, заводдхои пахтатозакуни, равганкаши, собунпази, осиёбхо ба кор даромаданд. Кад-кади рохи охани закаспий (солхои 1880—88 сохта шуд) посёлкахои мухочирони рус бунёд шуданд. Баъди галабаи Револютсияи Феврал дар як катор шахрхои Туркманистон Советхои депутатхои коргарон ва комитети солдатхо ба вучуд омаданд. Баъди галабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр 30 ноябр—3 декабр 1917 дар Ашкобод Съезди 4-уми Советхои вилоятии Закаспий баргузор шуд, ки он 15 декабр ба Советхо гузаштани тамоми хокимиятро эълон карда, СКХ-ро интихоб намуд. Зимистони 1917—18 дар тамоми Закаспий Хокимияти Совети барпо гардид. Кисми асосии худуди Туркманистон (вилояти Закаспий, ва августи 1921— вилояти Туркманистон) ба хайати РАСС Туркистон дохил шуд. Бо дастгирии империализми Англия 11—12 июли 1918 дар Ашкобод гвардиячиёни сафед исён бардоштанд, ки дар натичаи он Хокимияти Совети дар закаспий муваккатан бархам хурд. 12 августи 1918 ба Туркманистон истилогарони англис зада даромаданд. Барои муборизаи зидди интервентхо ва контрреволюсияи дохили бо карори хукумати РАСС Туркистон Фронти Закаспий ташкил карда шуд. 17 майи 1919 кисмхои Армияи Сурх ба хучум гузашта, паи хам шахрхои Байрамали, Марв, Кушка, Тачан, 9 июл Ашхобод (Полтораск, аз соли 1927— Ашкобод)-ро аз душман озод карданд. Баъди аз душман озод намудани Красловодск (6 феврали 1920) контрреволюционерон дар Закаспий пурра торумор карда, интервентхои англис аз хоки Туркманистон ронда шуданд. 15 —24 феврали 1925 дар Полтораск Съезди 1-уми умумитуркманистонии Советхо баргузор гардид. Съезд 20 феврали дар бораи ташкил шудани РСС Туркманистон декларасия ва дар бораи ба хайати СССР ихтиёран дохил шудани он карор кабул кард. Туркманистон бо 2 ордени Ленин (1957, 1984), орденхои Дустии Халкхо (1972), Революсияи Октябр (1974) мукофотонида шудааст.
Туркманистони хозира республикаи индустриалию аграри буда, саноати серсоха ва хочагии кишлоки механиконида дорад. Хачми махсулоти саноати соли 1979 назар ба соли 1940-ум 11 маротиба афзуд. Сохахои мухимми хочагии халки Туркманистон: истихроч ва коркарди нефту газ, истихрочи мирабилит (дар халич Каробугозгол), ашёи хоми химияви, истехсоли нахи пахта, абрешим, пусти карокули, пашм. Соли 1983 истехсоли энергияи электр 9,2 илрд кВт соатро ташкил дод. Корхонахои мошинсози, саноати сабук (истехсоли матоъхои пахтагин, шохи, колин), хуроквори низ мавчуданд. Хачми махсулоти умумии хочагии кишлок соли 1979 назар ба соли 1940-ум 4,7 бор афзуд. 1 январи 1984 дар Туркманистон 124 совхоз, 343 колхоз (аз чумла 4 колхози мохигири), 44 комплекси агросаноати буд. Замини кишт дар хамаи хочагихои республика (1983, ба хисоби хазор га) —1975 аз чумла кишти зироатхои техники 531,9 (пахта 530,3), галла 143,7, сабзавот, картошка, зироатхои полези 40,2, зироатхои хуроки чорво 253,5. Канали калони обёри — Карокум. Богу токдори, кирмакдори низ ривоч ёфтааст. Сохаи асосии чорводори гусфандпарварист (аа чумла карокулпарвари), инчунин гов, буз, хуг, уштур мепарваранд. Саршумори чорво дар тамоми хочагихо (1983, ба хисоби хазор сар): гов 687,2, хук 210,4, бузу гусфанд 4523,2. Тули умумии рохи охан 2,12 хазор км, роххои автомооилгард 12 хазор км (1979). Киштирони (дар бахри Каспий ва дарёи Аму) низ равнак дорад. Бандари калони бахриаш Красноводск (гузаргохи пароми ба Боку). Нефтепровод ва газопровод хаст. Соли 1981 ба хар 1000 нафар шахси дар хочагии халк машгул 852 нафар шахси дорои маълумоти оли ва миёна рост меомад. Соли хониши 1980/81 дар 7 донишкадаи оли кариб 40 хазор студент, дар 35 мактаби миёгаи махсус 34 хазор хонанда тахсил мекард. Академияи Фанхо (таъсисаш 1951) ва 7 театр хаст. Соли 1979 ба хар 10000 кас 27,3 духтур рост меомад. Курортхои машхураш: Байрамали ва Фируза (иклими), Арчман (балнеологи) Муллокаро (табобат бо лой).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …