Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТУРКИСТОН

ТУРКИСТОН

308px-turkestan

ТУРКИСТОН, истилохи таърихию географиест, ки баъд аз ташаккули аввалин кабилахои туркзабон пайдо шудааст (асрхои 6—7). Мафхуми «Туркистон» истилохи муайяну мукаррар набуд ва дар даврахои гуногуни таърихи нохияхои Осиёи Миёна, Казокистон ва баъзе махалхоро хамин тавр ном мебурданд. Дар ибтидои пайдоиши истилохи «Туркистон» факат хамон махаллхоро Туркистон меномиданд, ки дар он чойхо асосан кабилахои туркзабон умр ба сар мебурданд. Бо мурури замон мафхуми Туркистон дигар шудан гирифт. Масалан, ба акидаи форсхои сосони Туркистон он нохияе буд, ки дар шимоли Аму чой дошт. Муаррихи асри 7 арман Себеос Туркистон ва Дехистон ном нохияеро, ки дар чанубу шарки бахри Каспий вокеъ буд, як махал шуморидааст. Чугрофидонхои асрхои 9—12 араб Туркистон гуфта вилоятхои шимолу шаркии Мовароуннахрро мефахмиданд. Ба кавли Ёкути Хамави хоки Туркистон аз Косон ном шахри Фаргона сар шуда, шахрхои Чанд, Шаркенти поёноби дарёи Сир ва Хутанро дар бар мегирифт. Баъди истилои Шайбонихон (асри 16) кисми Афгонистони Шимоли хам, ки байни дарёи Аму, агбаи Окработ ва каторкухи Банди Туркистон вокеъ буд, номи Туркистонро гирифт.
Баъди ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна Туркистон хамчун вохиди маъмури соли 1867 генерал-губернатори ном гирифт ва соли 1886 номи ин нохия расман «Кишвари Туркистон» эълон шуд. Ин кишвар ба истиснои аморати Бухоро ва хонии Хева тамоми нохияхои чануби Казокистон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, соли 1898 ба он Хафтруд ва нохияхои Закаспий хамрох карда шуд ва то Револютсияи Кабири Сосивтистии Октябр Туркистон мафхуми худро нигох дошта буд.
Н. Неъматов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …