Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРДИХОЧАЕВ Неъматхоча

ТУРДИХОЧАЕВ Неъматхоча

ТУРДИХОЧАЕВ Неъматхоча (1896, Хучанд—1. 8. 1975, шахри Ленинобод), иштирокчии фаъоли барпо ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар шимоли Точикистон. Аз оилаи дехкон. Падари Н. Неъматов. Аввал батрак буд, баъд ёрдамчии усто шуд. Баъди галабаи Револютсияи Октябр ба хизмати Гвардияи Сурхи гарнизони Хучанд дохил шуд. Соли 1918 Турдихочаев дар хайати отрядхои И. Я. Тихонов ва В. Я. Балсер бар зидди дастахои босмачиёни шимоли Точикистон фаъолона мубориза бурд. У соли 1921 ба органхои милисияи халки ва Комиссияи Фавкулода (ЧК) ба кор фиристода шуд. Вай дар мубориза ба мукобили унсурхои зиддисовети дар волостхои Кистакуз, Чапкулук ва Андарак — Овчии музофоти Хучанд фаъолона ширкат кардааст. Турдихочаев солхои зиёд назоратчии хоннахои ислохи чинояткорон дар Фаргонаю Хучанд буд. Аз соли 1933 нафакагири шахсии дарачаи республикави. Бо медалхо мукофотонида шудааст.
Л. Кодиров, .Ш. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.