Маълумоти охирин

ТУРБ

ТУРБ, турф, туруб, фичл (Rashanus sativus var. sativus), гиёхи як-дусолаест аз оилаи чилликгулхо як навъ сабзарвоти бехмевагист, Бехаш гуногуншакл (дарозруя, лунда ва гайра), сафед, гулоби, сиёх ва сурх, сермагзу сероб; вазни яктоаш то 5 кг мешавад.

390x
Турб сабзавоти дустдоштаи точикон аст. Таъмаш хуш ва каме тунд аст. Сабзавоти пархези ва табобати низ хисоб меёбад.
Турбро аз замонхои кадим чун растании доруи истифода бурдаанд. Асрхои 5—4 то мелод хусусиятхои шифоии онро Бакрот таъриф кардааст. Диокуридус ва Чолинус иштихоовар ва таквиятбахши узвхои хозима будани турбро нишон додаанд. Закариёи Рози, Абурайхони Беруни ва Абуалии Сино низ турбро растании доруи донистаанд. Масалан, Сиво бо тухми турб иллати чигар ва бо шираи бехаш обхураро табобат мекард. У турбро позахри мору каждум мехисобад. Табибони халки онро бештар барои табобати иллати испурч, инчунин сурфакабутак истифода мебаранд. Турби дар асал хобондаро хангоми илтихоби рохи нафас, сил ва сулфа истеъмол мекунанд.
Маълум кардаанд, ки оби турб чудошавии шираи меъдаро метезонад ва хазми хурокро бехтар менамояд; кори рудахоро таквият медихад, барои аз организм хорич шудани холестерин мусоидат мекунад. Вале хангоми захми меъда, илтихоби руда, иллати чигар ва беморихои вазнини дил аз истеъмоли турб худдори бояд кард. Бино ба баъзе маъхазхо бо гушти лахми мург ва чургот хурдави он низ зарар дорад. Масалан, дар «Тибби Юсуфи» мехонем:
Хар он кас, ки аз акл нуру зиёст.
Ба хам турбу чугрот хурдан хатост. ё худ:
Тановул куни лахми мург ар ба турб,
Ба сиххат намонад туро хеч курб.
Баргу пояи турб силоси сергизо мешавад. Бехи он то 0,15% равган, 0,8 —1,6% канд, 2% сафеда, витамннхои С (0,12%), В, каротин (провитамини А), равгани эфир, ба микдори зиёд намакхои калий, тухмаш то 6,5% равгани эфир ва 34—45% равган дорад.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …