Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУЛЯРЕМИЯ

ТУЛЯРЕМИЯ

ТУЛЯРЕМИЯ, шадидтария бемории сироятии хайвонот ва одам, ки бактерияи Тrancisella tularensis ба вучуду меорад. Манбаи сироят асосан юрмонхои касал мебошанд. Туляремия дар ШМА, СССР, Канада, Япония, Швеция, Норвегия, Франция ва дигар мамлакатхои Нимкураи шимоли дучор мешавад. Туляремия ба одам бевосита аз хояндахо ва харгушхои касал ё мурда ё ба воситаи об, пахол ва дигар хурокии ифлоскардаи онхо ва инчунин хангоми газидани хашарот ва канахо сироят мекунад.

tulyaremiya

Давраи пинхони (инкубасиони) -аш аксар вакт 3—7 шаборуз. Харорати баланд, дарди сар, бедорхоби, варам ва дард кардани гадудхои лимфави (хосилшавии хиёракхо) ва гайра аломатхои Туляремия мебошанд. Давомнокии Туляремия ба хисоби миёна 2—3 хафта буда, марговариаш камтар аз 1% аст. Барои муайяи намудани Туляремия озмоиши пусти — аллерги ва реаксияи махсуси аглютинасияро истифода мебаранд.
Муолича: антибиотикхо (стрептомицин, тетрациклин ва гайра). Баъди туляремияро аз сар гузарондан иммунитети устувор боки мемонад. Шахси бемори туляремия барои атрофиён хавфнок нест.
Пешгири: ба руи пуст черт кардани мояи зиндаи зидди туляремия (ба хисоби миёна 5 сол бо иммунитет таъмин менамояд); махв кардани хояндахо ва канахо; мухофизати санитарии манбаъхои об, риоя намудани коидахои агротехники, гигиенаи шахси. Хангоми ба вучуд омадани туляремия хайвонхои касалро чудо карда, харобашро мекушанд ва молхонахоро дезинфекция мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …