Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич (16. 4. 1890, Москва—25. 6. 1938, Вена), забоншиноси рус, яке аз намояндагони барчастаи мактаби забоншиносии Прага, асосгузори фонология. Дар Университетхои Москва ва Лейпсиг тахсил кардааст (1908—14). Солхои 1915—18 дар Университетхои Москва ва Ростов муаллим буд. Профессори филологияи славянии Университетхои София (1920) ва Вена (1922), мудири каредраи филологияи славянии Университети Вена (аз соли 1923). Асархои Трубеской ба тадкики масъалахои гуногуни фонетика ва морфологияи таърихи, шевашиноси, муносибати байнихамдигарии забонхои славяни, таърихи адабиёти славяни, этнография ва гайра оиданд. Асари барчастаи у «Асосхои фонология» (1939) мебошад, ки дар он зиёда аз 100 системаи фонологии забонхои гуногун тавсиф шудааст. Акидахои Трубеской то имруз кимати илмии худро гум накардаанд. Барои хизматхои барчастааш дар сохаи забоншиноси, дар рузи 25-солагии вафоташ дар назди Университети Вена хайкали Трубеской гузошта шуд.
Осор: Мысли об индоевропейской проблеме, «Вопросы языкознания», 1958, 1; Освовы фолологии, Москва, 1960.
А. Горбачевский.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.