Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ, чараёни гоявяю сиёсии майдабуржуази, ки ба марксизм ленинизм ва харакати коммунистии байналхалки душман буда, мохияти оппортунистии худро бо чумлапардозихои радикалии чап рупуш мекард. Троскизм чун як навъи меншевизм дар РСДРП ибтидои асри 20 ба вучуд омад. Троскизм номи худро аз номи идеолог ва пешвои ин чараён Л. Д. Троский (Бронштейн, 1879—1940) гирифтааст. Решахои назариявии троскизм материализми механики, волюнтаризм ва гайра буд. Асоси методологии Троскийро субъективизм ташкил медихад, ки он умуман ба чахонбинии майдабуржуази хос аст. Таълимоти Троский аз руи хамаи масъалахои асосии стратегия ва тактикаи харакати коргари ба ленинизм мухолиф буд: Троский аз соли 1903 зарурати вучуд доштани партияи пролетарии типи навро инкор менамуд; солхои 1905—07 идеяи К. Марксро дар бораи Револютсия перманенти нодуруст таъбир карда, «назарияи революцияи перманенти»-и худро ба миён гузошт ва онро ба таълимоти ленини дар бораи гегемонияи пролетариат дар револютсияи буржуази-демократи, дар бораи ба револютсияи сосиалисти сабзида расидани револютсияи буржуази-демократи мукобил монд. Троскийчиён революциони будани оммаи дехконон, кобилияти бо дехконон иттифоки мустахкам мукаррар карда тавонистани пролетариатро инкор мекарданд, вазифахои буржуази-демократии револютсияи якуми русро рад менамуданд ва идеяи волюнтаристии дар натичаи револютсияи буржуазию демократи барпо намудани диктатураи пролетариатро ба миён мегузоштанд. Троскийчиён инкишофи процесси ревалюциони, такдири револютсияи сосиалистиро дар хар як мамлакат бо галабаи револютсияи чахони вобаста намуда, даъво мекарданд, ки синфи коргари Россия бе дастгирии давлагии пролетариати Европа дар сари хокимият истода наметавонад. Дар давраи реакцияи солхои 1907—10 троскизм як навъи ликвидаторчиён буд. Соли 1912 троскийчиён чун «муттахидкунандагони партия» баромад карда, блоки августии зиддипартиявиро ташкил карданд. Баъди Револютсияи Октябр троскийчиён даъво мекарданд, ки агар дар вактхои наздик дар мамлакатхои дигари Европа револютсияи сосиалисти нашавад ва Хокимияти Совети аз тарафи пролетариати Гарб «кумаки бевоситаи давлати» нагирад, галабаи революция дер намепояд ва Хокимияти Совети хатман нобуд мешавад. Троскичиён ба Сулхи Брест (1918) хам мукобил баромаданд.
«В. И. Ленин ва партия мохияти таслимкоронаи акидахо ва платформаи амалии Троскизмро мунтазам фош мекарданд. Троскизм дар съездхои 7, 10, 13, 14-уми партия ва конференцияхои 13, 14, 15-уми партия, дар як катор пленумхои Комитети Маркази ва Комиссияи марказии назорати партия махкум карда шуд. Аз соли 1928 Троскизм хамчун чараёни сиёси дар ВКИ(б) бархам дода шуд. Баъди Съезди 15-уми ВКП(б) як кисми троскийчиён муборизаи зидди сиёсати партия ва Интериационали Коммунистиро давом доданд. Соли 1929 Троский барои фаъолияти зиддисоветиаш аз СССР ронда шуда, соли 1932 аз хукуки граждании совети махрум карда шуд. Дар солхои Чанги дуюми чахони (1939— 45) троскийчиён мукобили ташкил намудани коалисияи зиддигитлери буданд, характери озодихохона ва зиддифашистии чангро инкор карда, ин чангро аз хар ду тарафи чангкунандагон чанги империалисти мешумурданд. Холо хам гуруххои троскийчиён дар як катор мамлакатхо (Аргентина, Боливия, Белгия, Британияи Кабир, Италия, ШМА, РФГ, Франция, Япония ва ГАЙРА) мавчуданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …