Маълумоти охирин

ТРИАС

trias

ТРИАС, давраи (системаи) триас (юнони trias—сакисма, секабата), давраи аввалини эраи мезозой, ки 230 млн сол мукаддам сар шуда, кариб 35 млн сол давом кардааст. Истилохи «триас»-ро соли 1834 олими немис Ф. Алберти ба илм дохил намуд. Давраи триас ба замонхои аввал, миёна ва охир, системаи триас бошад, ба кисмхои поён, миёна ва боло таксим мешавад. Иклими триас хеле гарм, нимаи якуми давра хушк ва нимаи дуюмаш сербориш буд. Дар давоми давра олами органики ба кулли тагйир ёфт. Дар бахрхо бемухрахо (аммоноидеяхо, пелецилодахо, гастроподахо) бисёр буданд; аввалин белемнитхо ва мохихои устухондор пайдо шуданд. Динозаврхо — хазандахои калончусса хеле инкишоф ёфта, нахустин ширхурон (тухмгузорхо ва сумдорхо) ба вучуд омаданд. Олами набототи триас асосан аз сарахсхо, сикадофитхо, гинкохо ва сузанбаргхо иборат буд. Сарватхои зеризаминии триас: ангишт, нефт, алмос, уран, маъданхои мису никел ва гайра. Тахнишастхои давраи триас дар Помир ва Точикистони Маркази мавчуданд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …