Маълумоти охирин

ТОР

ТОР, 1) сози мусикиест, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Тор дар Эрон, Кавказ ва Осиёи Миёна хеле маъмул аст. Дар Точикистон ва Узбакистон баъзан Тори озарбойчони хам мегуянд. Тор косаи ба раками 8 монанд дошт, аз чуби тут тарошида мешавад. Ба руи косааш пардаи дили говро макашанд. Дарозии умумиаш 78—90 см. Дастааш дароз. Дастааш 22 парда дошта 2 октаваро дар бар мегирад. Тор дорои 5—6 тори металлист, баъзеаш 9— 12 тор хам дорад (навъи кавказиаш), Мувофики микдори торхо гушакхо низ дорад.

tor-soz

Сози якканавози ва ансамбли буда, овозаш форам ва чарангнок аст. Хангоми навохтан косаашро ба тарафи рости сина гузошта, бо дасти рост мизроб зада бо дасти чап ба воситаи пардахо маком мегардонанд. 2) Манбаи овози, чузъи созхои мусикии тори: танбур, гижжак, рубоб, дутор, чанг, роял ва гайра аст, ки аз филиз ва синтетика сохта шуда, бо мизроб, камон ва ангушт ба кор медароранд. Пештар Торро аз абрешим, канаб ва рудаи хайвон месохтанд, холо аз пулод ва мис. Ба дутор ва рубоби бадахшони бештар. Тори синтетики мекашанд. И. Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …