Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОЙ Лев Николаевич

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич (9. 9. 1826, Ясная Поляна, хозира раёни Щёкини вилояти Тула—20. 11. 1910, стансияи Асталовои рохи охани Рязань — Урал, хозира стансияи Лев Толстой вилояти Липецк; дар Ясная Поляна мадфун аст), нависалдаи рус. Маълумоти ибтидоиро дар оила гирифт. Соли 1843 ба Казон омада, тахти рохбарии Мирзо Мухаммадали Козимбек курси таиёриро гузашт ва соли 1844 ба университети ин чо дохил шуд. Соли 1847 университетро аз курси сеюм тарк кард. Соли 1851 ба Кавказ (ст. Старогладковский) рафт. Аввалин кайдхои адабии Толстой махз дар Кавказ сурат гирифтанд. Тархи асари аввалини Толстой — «Саргузашти дируза» низ дар хамин давра кашида шуда буд.

leo_tolstoy_portrait

Ду соли хилватгузини дар Кавказ дар рушду камоли маънавии Толстой такони бузурге шуд. Дар ин чо вай повести «Кудаки»-ро (1852, нахустин асари чонии Толстой офарид. Повести мазкур якчоя бо повестхои «Навчавони» (1852—54) ва «Чавони» (1855—57; тарчумаи точикии «Кудаки, навчавони, чавони», 1964) мебоист асоси романи калони тарчумахолии у —«Чахор давраи зиндаги»-ро (кисми охирини он — «Айёми шабоб» нонавишта монд) ташкил медод. Толстой дар повестхои нахустини худ принципхои реалистии мактаби натуралистии солхои 40— тасвиру тадкики дакику хаматарафаи психология, олами ботинии бачагону наврасон ва чавононро зикр кардааст.

Толстой солхои 1851—53 дар Кавказ дар амалиёти харби (аввал чун аскари одди, сипас чун офицери артиллерия) иштирок карда, соли 1854 ба армияи Дунай гузашт. Пас аз саршавии чанги Крим Толстойро бо хохиши худаш ба Севастопол гузарониданд. Хаёти аскари, манзарахои чанг барои хикояхояш «Тохтутоз» (1853), «Дарахтбури» (1853—55) ва «Хикояхои Севастопол» (1855—56; тарчумаи  точики 1953) материал доданд. Толстой дар ин силсила бо катъияти тамом чангро махкум кардааст.

Соли        1855 ба Петербург омада, бо ходимони журнали «Современник» нависандагони машхури демократ Н. А. Некрасов, И. С. Тургенев, И. А. Гончаров, Н. Г. Чернышевский шинос шуд. Хикояи «Субхи помещик» (1856), повести «Алберт» (1857—58)      , хикояи «Люсерн» (1857) ва романи «Хушбахтии оилави» (1658—59)     дар Петербург таълиф ёфтаанд.

Толстой, ки аз навиштахои хеш конеъ набуду аз мухити ашрофон ба танг омада буд, дар охири солхои 50— аввали солхои 60 аз кори эчоди дур шуд ва дар Ясная Поляна манзил гузид. Солхои 1859—62 он чо дар мактаби барои фарзандони дехконон бунёдкардааш бисёр захмат кашид. Толстой, ки худ аслан ашрофзода—граф буд, рохи аз бухрони маънавии охири солхои 50 рахои ёфтаро дар наздик шудан ба халк ва майлу эхтиёчи у медид. Чустучухои гоявию эчодии Толстой дар ибтидои солхои 60— кушиши тасвир кардани характери халк (хикояи «Поликушка», 1861—63; тарчумаи точики, 1935), накши эпики («Казакхо»), мурочиат ба таърих (романи «Декабристхо», 1860 —61; нашр 1884) уро ба таълифи романи «Чанг ва сулх» (1863—69, огози нашр 1865; тарчумаи точики, 1953—62)    хидоят намуд. Тасвири мукаммалу нозук, кисматхои гуногун, манзарахои нодири табиати рус аз аломатхои эпикии услуби «Чанг ва сулх» мебошанд. Кахрамони роман зиндаги, чараёни хамвори он, шодию гам, бурду бохт, лахзахои оддию човидони (таваллуд,ишк, марг) ва тантанаи навсозии он гардид.

Аз ибтидои солхои 70 Толстой дубора ба кори таълиму тарбия ру овард; «Алифбо» (1871—72) ва «Алифбои нав»-ро (1874—75) таълиф карда, барои ин китоохо хикояхои тоза навишт ва афсонаю масалхои зиёдеро аз адабиёти рус, юнон, араб ва форс-точнк аз нав ва баъзан бо тагйири сюжет накл намуд, ки онхо чахрр асари «Китоби руси барои хониш»-ро ташкил доданд.

Дар хамин давра Толстой гирифтори инкирози рухие гардид, ки натичаи таваччухаш ба дин ва кушиши у дар рохи бехтар кардани он буд. Таъсири хамин рухия дар романи «Анна Каренина» (1873—77; нашр 1876—77; тарчумаи точики 1960—61) хис мешавад. Бо вучуди ин романи мазкур ба мисли романхои И. С. Тургенев ва Ф. М. Достоевский мухимтарин масъалахои замонро бисьер тезу тунд ба пеш гузошт. «Анна Каренина» аз бисёр «чихат романи чустучухо буд ва муаллиф хангоми таълифи он назарашро ба замон ва ахволи хеш равшан намуд. Толстой охири солхои 70 ба «шикасти» гояви дучор шуд ва тамоман ба мавкеи патриархали гузашт. Чахонбинии нави Толстой дар асархои «Рози дил» (1879—80; нашр 1884) ва «Эътикоди ман бар чист?» (1882—84) хаматарафа зухур ёфт. Вай ба хулосае омад, ки тамоми вучуди табакахои боло, ки худ дар он мухит ба дунё омада буд, бар дуруги махз бунёд ёфтааст. Толстой солхои 80 аз кори эчоди дилхунук шуда, хатто роману повестхои пешинаашро хамчун «дилхушии» ашрофона махкум кард. Вай дар ин давра ба мехнати оддии чисмони, аз чумла, заминрони машгул шуд, барои худ муза духт ва пархезро ихтиёр кард. Дар як вакт норозигии у аз тарзи мукаррарии зиядагии наздиконаш бештар гардид. Дар асархои публицистии «Чи бояд кард?» (1882—86) ва «Гуломии замони мо» (1899—1900) нохамворихон тамаддуни замонро зери танкиди сахт гирифта бошад хам, рохи аз ин чахлат халос шуданро асосан дар тарбияи динию ахлоки медид. Баробари таълифи повестхои «Марги Иван Илич» (1884—86), «Сонатаи Крейдер» (1887—89; нашр 1891) ва «Иблис» (1880—90; нашр 1911) ба драматургия шавки зиёд пайдо кард. Драмаи «Хокимилти чахолат» (1886) ва мазхакаи «Самараи маърифат» (1886—90; нашр 1891) гуё ду пахлуи як фикри томи муаллиф мебошанд. Дар драма таъсири зараровари маданияти шахр ба деха фош шудааст. Он бо забони соддаи халки ва реализми тасвири хаёти дехот чолиби диккат аст. Майли содда ва ба шуури халк наздик навиштан азме буд, ки Толстой онро дар «хикоятхои халки» «Хаёти навъи башар баста ба чист?», «Шамъ», «Ду пирамард», «Об ба одами замини зироат бисёр лозим аст?» ва гайра амали гардид. Дар ин силоила хикояи ка лони «Хучаин ва хизматгор» (1894—95) мавкеи хос дорад. Толстой солхои 90 кушидааст акидахои худро дар бораи санъат аз чихати назарияви асоснок намояд. У санъати баландмазмуни ба макеаъхои ахлокию дини оидро аз санъати берухи декаденти боло мегузошт (рисолаи «Санъат чист?» 1897—98).

Романи «Эхё» (1889—99) яке аз асархои асосии Толстой аст. Навъи нави роман — панораман ичтимои ба нависанда имкон дод, ки як силсила намояндагони табакахои гуногуни чамъиятро дар назари хонанда чилвагар созад. Толстой дар айёми пиронсоли боз ба жанри хикоя ру овард. Повести «Хочи Мурод» (1896—1904; нашр 1912; тарчумаи точики 1936), ки аз унсурхои хикоянигори саршор аст, муваффакияти эчодии у дар он солхо буд. Табаддулоти революционии солхои 1905—07 ба эчодиёти Толстой, махсусан ба таълимоти вай—«толстойчиги», бетаъсир намонд ва акнун худи нависандаи бузург ба «идеали» будани таълимоти худ бо назари шубха менигарист. Маколаи ба мукобили хукми катл навиштаи у «Хомуш буда наметавонам» (1908), дар тамоми чахон машхур гардид. Охири умраш дар Ясная Поляна гузашт.

Толстой 10 ноябри 1910 пинхони аз Ясная Поляна баромада рафт ва дар рох шамол хурда, дар стансияи Астапово вафот кард.

Толстой дар инкишофи реализми «адбиёти рус ва чахон давраи нав кушод ва байни анъанахои романи классикии асри 19 ва адабиёти «асри 20 риштаи пайванд кашид. Анъанахои реалистии Толстой барои адабибти чавони совети мактаби бузурги омузиши махорат гардиданд. Бисёр нависандагони бузурги дунё аз эчодиёти Толстой таъсир дидаанд. Адибони Хиндустон (Робиндранат Такур), Эрон, Саиди Нафиси) ва Точикистон (С. Айни) дар бораи Толстой бо эхтиром сухан рондаанд. Омузиши эчодиёти Толстой дар адабяётшиносии ваданию хоричи хануз дар вакти зинда будани у сар шуда буд. Маколахои Г. В. Плеханов, В. Т. Королелко, очерки М. Горышй «Лев Толотой дар омузиши эчодиёти Толстой ахамияти калон даштанд» Маколахои машхури В. И. Ления «Лев Толстой хамчун оинаи революцияи рус», «Лев Николаевич Толстой», «Толстой ва муборизаи иролетариат», «Л. Н. Толстой ва замони у» дар омузиши мероси бадеии у таъсири чидди расонданд. Пас аз Револютсияи Октябр тадкики мероси Толстой бештар авч гирифт.

Дар Ясная Поляна — раёни Щёкини вилояти Тула Музей-хавлии давлати, дар Москва дар кучаи Кропоткинская, 11 Музеи давлати ва тангкучаи Долгохамовническии хозира кучаи Лев Толстой, 21 Музей-хавли, дар ст. Лев Толстой (стансияи пештараи Астапово) Музеи Толстой кушода шудааст.

Толстой бо адабиёти классикии форс- точик ошно буд. У аз «Хазору як шаб», «Калила ва Димна», «Куръон», «Шохнома»-и Фирдавси, «Маснавии маънави»-н Чалолуддини Руми, рубоиёти Умари Хайём, «Таърихи Бухоро»-и Наршахи, газалиёти Хофиз ва гайра вукуфи тамом дошт. Масалан, М. И. Лидерле ном ношире дар арафаи 63-солагии Толстой анкетае фиристода, аз у хохиш доштаст, ки бехтарин китоби хондаашро ном барад. У дар чавоби ин савол «Хазору як шаб» (махсусан фаслхои «Чил рохзан» ва «Шохзода Камаруззамон») ва ашъори А. С. Пушкинро ёдовар шудааст. «Гулистон»-и Саъди хам аз чумлаи китобхои махбуби у будааст. «Дар чавони «Гулистон»-ро мутолиа карда будам ва то хол, яъне тамоми умр таровати онро хис мекунам»,— гуфтааст Т. У хангоми таълифи «Алифбо» ва «Китобхои руси барои хониш» аз боби 3-юми «Гулистон» хикоятеро тарчума карда, дар асоси он хикояи «Шайхе аз шахр меомад»-ро навиштааст. Толстой дар дигар китобхои худ, аз чумла «Хонданихо» (1904—08), «Рохи зиядагй» (1910) 43 хикмат ва масали Саъдиро дохил намудааст.

Хонандагони точик бо эчодиети Толстой аз солхои 50 асри 19 ошнои доштанд. То чи дарача ба осори Толстой дилбастаги доштани хонандагони точикро аз ин фахмидан мумкиш аст, ки ба кавли В. Бартолд, 18 марти 1901 дар сахни мадрасаи Шердори Самарканд 5000 кас баъди намози суох ба по рост истода, хикояи Толстой «Хаёти навъи башар вобаста ба чист?»-ро гуш андохтаанд. Хикояро воизи машхури Самарканд Мирзо Махмуд кироат кардааст. Солхои 30 асри 20 мархилаи наву пурсамари тарчумаи точикии осори Толстой огоз ёфт. Дар ин давра С. Айни, С. Ализода, А. Лохути, Х. Карим, С. Улугзода, Х. Ахрори, Ч. Икроми, М. Миршакар ва Р. Хошим ба тарчума ва тахрири асархои Толстой пардохтанд.

Адибону олимони точик асосан аз соли 1901 хаёт ва эчодиёти Толстойро ба доираи тадкик кашидаанд. С. Айни, А. Шакури, С. Манофзода, Р. Хошим,C.      Улугзода, М. Шукуров ва А. Маниёзов дар тадкики осору афкори Толстой хисса гузоштаанд.

Осор: Полное собрания соччинение, том 1—90, Москва— Л.. 1928—58; Собр. соч., том 1—20. Москва. 1960—65; Ассосхои мунтахаб, чилди 1—8, Душанбе, 1978 —82.

Адабиёт: Рахим Хошим, Чанд сухан дар бораи яке аз тарчумонхои аввалини адабиёти бадеии рус ва китоби у, «Садои Шарк», 1959,Маниёзов А., Дахаи адабиёти рус, «Шарки сурх», 1960. М 11; Шукуров М„ Аз таърихи тарчумаи асархои Л. Н. Толстой ба забони точики, дар китоби: Паёми бародари, Душанбе 1972; Шифман А„ Лев толстой и Восток, Москва 1971; Розенфелд А. 3„ «Кавказский пленник», на таджикском языке, дар китоби: Яснополянский сборник, Тула, 1978; Самад В„ Открывая неизвестные страницы, газета «Коммунист Таджикистана» 10 сентябри 1976; Юсупов Р„ Л. Н. Толстой и литература народов Совстского Союза, дар китоби: Л. Н. Толстой и современность. Москва 1981; Челышев Е. П., Лев Толстой и литература Востока, Москва 1981.

В. Самадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.