Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич

tolstoy-an

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич (10. 1. 1883, шахри Николаевск, хозира шахри Пугачёви вилояти Саратов—23. 2. 1945, Москва), нависандаи советии рус, ходими чамъияти, академики Академияи Фанхои СССР (1939). Аз соли 1905 ба шеъргуй сар кардааст (мачмуаи «Лирика», 1907). Толстой аввал мохияти Револютсияи Октябрро нафахмида, соли 1919 ба хорича мухочират кард. Вале соли 1923 ба СССР баргашт. Мехри бепоёни Толстой нисбат ба ватан, ба забони руси дар тасвирхои шоиронаи повести «Бачагии Никита» (1920) ифода ёфтааст. Солхои 20— 30 дар эчодиёти Толстой танкиди капитализм инкишоф ёфт: хикояхои «Чумъаи тираву тор» (1924), «Иттифоки панчгона» (1925), романхои илмию фантастикии «Гиперболоида инженер Гарин» (1927) ва гайра. Ватани гумшуда ва бозёфта мавзуи марказии трилогияи «Сарсони ва саргардони» (1922—41; Мукофоти давлатии СССР, 1943) мебошад. Повести «Галла» (1937; тарчумаи точики 1949) аз чихати мавзуъ ба трилогия ваздшш дорад. Романи таърихии «Пётри якум» (Мукофоти давлатии СССР, 1941; китоби 1, 1929-30; китоби 2, 1933-34, китоби 3, нотамом, 1944—45), дар эчодиёти Толстой мархилаи наве буд. Роман эпопеяи бузургест аз кисмати миллати рус. Китоби бачагонаи Толстой «Калидчаи тилло ё Саргузашти Буратино» (1936; тарчумаи точики 1939) асари дустдоштаи кудакони тамоми дунё гардидааст. Ватандусти мавзуи асосии эчодиёти Толстой дар давраи Чанги Бузурги Ватани (1941—45) мебошад. Ба калами Толстой 42 песа, аз чумла дилогияи драмавии «Иваи Грозный» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1946) тааллук дорад. Асархои Толстой ба бисёр забонхои халкхои СССР ва чахон тарчума шудаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1-ум). Бо ордени Ленин ва 2 ордени дигар мукофотонида шудааст.

Осор: Собрания сочинения, том 1—10, Москва, 1058— 81; Дисса ва хикояхо, Душанбе, 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.