Маълумоти охирин

ТОЛЕЪ

ТОЛЕЪ (араби—тулуъкунанда, бароянда), дар илми нучум бурче ё дарачаест, ки хангоми таваллуди касе ё хангоми вукуи амре, ё вакти салоле чизе аз уфук намудор бошад ва гуё аз руи он Муначчимон сарнавишти навзодро тахкик ва таъин мекунанд ё хукме дар бораи натичаи коре истихроч менамоянд. Мувофики акидаи муначчимони гузашта гуё хушбахтию бадбахтии одам ба саъд ва нахс будани он бурч вобаста аст. Масалан, Савр (Толеъи Савр), Зухра (Толеъи саъд ё Саъди асгар), Муштари (Саъди акбар ё Саъди сауд) ба гурухи саиёра ва бурчхое медаромаданд, ки хусусияти хуб доштанд.
Кавкаби бахти маро хеч муначчим нашнохт,
Ё раб, аз модари гети ба чи толеъ зодам.
(Хофиз)
Баъзан толеъро ба маънии бахт, икбол, саодат истифода мебаранд:

Чашми бад дур, к-аз ин тафрика бозат овард,
Толеъи номвару давлати модар зодат.
А. Мирзоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.