Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОКСИКОЛОГИЯ

ТОКСИКОЛОГИЯ

ТОКСИКОЛОГИЯ (аз юнони toxokon — захр ва ….логия), захршиноси, як кисмати тибро гуянд, ки хосияти физики ва химиявии захрхо, таъсири онхоро ба организм ва роххои пешгирию муоличаи захролудиро меомузад. Токсикология захрхои пайдоишашон гуногунро тадкик менамояд. Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба захролуди, усулхои муборизаи зидди хашарот, мор ва дигар чонварони захрнок баъзе маълумотхо мавчуданд.

toxikology

Зикри баъзе захрхою таснифоти онхо ва захролуди дар тибби Дунёи Кадим—асархои Дискуридус (асри 1 мелод) ва Чолинус (асри 2 мелоди) низ ба назар мерасад. Дар инкишофи Токсикология ва чустучуи подзахрхою тарзи истифодаи онхо Ибни Сино, Мухаммад Закариёи Рози, Исмоили Чурчони ва дигарон сахми арзанда доранд. Токсикологияи илми (миёнаи асри 19) баробари инкишофи тибби тачрибави ба нашри асари олимони франсави М. Ж. Орфида ва А. Рабюто алокаманд аст. Асосгузори Токсикология дар Россия А. П. Нелюбил (1785—1858) ва Е. В. Пеликан (1824—84) буданд. Дар Точикистон ба омузиши Токсикология дар лабораторияи химияи тиббии суди, шуъбахои захршиносии Институти эпидемиология ва дорушиносии тачрибавии Институти гастроэнтерологияи Академияи Фанхои Республикаи Совети Сотсиалистии Точикистон машгуланд. Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …