Маълумоти охирин

ТИРМОР

ТИРМОР (psammophis Jineolatus), мори безахрест аз оилаи Colubridae. Танаш борики дароз (то 120 см), пулакчахояш хамвор, гавхараки чашмаш гирда, рангаш хокистарии кабудтоб ё буртоб; дар сар ва тахтапушташ чор рахи хокистарранги тира, якто рахи равшан ва ду рахи сафед дорад.

tirmor

Тирмор дар биёбону нимбиёбонхои явшонзор ва доманакуххои зардхоки Осиёи Пеш ва Маркази дида мешавад; дар СССР дар Осиёи Миёна, Чануби Казокистон ва Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Нахчувон пахн шудааст; дар баъзе чойхо дар баландии то 1500 м аз солихили бахр  вомехурад. Тирмор нихоят тез (мисли тир) харакат мекунад. Гизояш асосан калтакалосхо мебошад. Аз хоби зимистона мохи март бедор мешавад; то моххои октябр— ноябр фаъол аст. Моххои июн — июл 4—10 тухм мегузорад, охири июл ва аввали август аз онхо насли нав мебарояд. Газидани Тирмор ба одам безарар аст.

Адабиёт: Саидалиев С. А., Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе, 1979.                                           С. Саидалиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …