Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИРМИЗАКТЕППА

ТИРМИЗАКТЕППА

ТИРМИЗАКТЕППА, ёдгории археологии мансуб ба асрхои 7—8 дар канори гарби пос. Шахристони раёни Уротеппаи вилояти Ленинобод. Солхои 1957 ва 1960 омухта шуд. Бино аз хишти хом (50X25X10 см) ва похса сохта шудааст. Тирмизактеппа дар болои теппаи баланди сохили Каттасой чой гирифтааст. Дар ибтидо хамчун пункти дидбони ва истикоматгохи аскарон бино ёфт ва пойтахти Истаравшан — кисми шимоли шахри Бунчикатро мудофиа мекард. Мавкеи бисёр хуби стратеги дошт. Асрхои 11—12 хамчун икоматгох истифода мешуд. Бинои Тирмизактеппа мураббаъ буда, аз 10 хона ва як таххона иборат аст. Хонахо дар ду тарафи рохрав чой гирифтаанд. Хонаи калони № 1 ва таххона вазифаи анборро адо мекарданд. Ба хумхои дар замяни ин хонахо гуркардашуда галла нигох медоштанд.         У. Пулодов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.