Маълумоти охирин

ТИРМИС

ТИРМИС, лупин (lupinus), як чинси гиёххои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи лубиёихо. Пояаш рост, то 1,5 м кад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш зард, сафед, кабуд, гилофакаш серпашмаки чигарранги асосан 3—5 тухма. Дар дунё 200 намуди Тирмиси худруй месабзад.

lupinus_polyphyllus1

Дар СССР 4 намуди Тирмис (L Angustifoliua, нигаред расм, L Albus, L Luteus, L Luteus ва L Polyphylym)-ро кишт мекунанд. Тирмис зироати кадимист. Онро римихои кадим чун растании доруи ва хуроквори мепарвариданд. Тирмис зироати намиталаб, сармобардор ва хуроки сергизои чорвост. Дар СССР (РССБ, Украина, вилояти Брянск ва гайра) хар сол ба 1,5 млн га Тирмис мекоранд ва аз хар га 300—400 ц баргу пояи сабз (то 15 ц дон) мегундоранд. Хошокаш 25%, донаш то 46% сафеда дорад. Асосан навъхои «Быстрорастущий 4», «Желтый 45—46», «Носовский белосемянный» ва гайраро кишт мекунанд. Тирмис хокро сернитрогену хосилез мегардонад. Шароити Точикисто низ барои кишти Тирмис мусоид аст.

А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …