Маълумоти охирин

ТИП

ТИП (аз юнони typos— накш, шакл, намуна), 1) шакл, намуди чизе, ки сифатхои намоён дорад; 2) намуна, колаби чизе; 3) вохиди ченкунии объекти вокеи дар типология; 4) категория ё вохиди таснифот дар омузиши сатхи замин ва дигар илмхои доир ба табиат (Типи хок, Типи иклим ва гайра); 5) инсони дорои сифатхои хос, намояндаи барчастаи синфхо, миллатхо ва замонхо; 6) дар адабиёт ва санъат характери типи, образи бадеи, ки аз чамъбасти хулку атвор, кирдор ва хислатхои намоёни ботинию зохирии гурухи одамон, синфхо ва халкхо ба вучуд омадааст. Тип хам хусусияти чамъбасти ва хам фарди дорад, зеро дар он хислатхои синфи, ичтимои ва психологии гурухи одамон чамъбаст мешавад. Тип баробари мохияти амики ичтимоию бадеи доштанаш конкретии таърихи низ мебошад. Типи кахрамонони асотирии Одиссей, Прометей, Эдип аз Типи Рустам, Сухроб, Лайли, Мачнун ва Типи асархои Балзак, Толстой, Достоевский, Днккенс аз Типи осори Рабле, Сервантес, Гёте аз хам фарк мекунанд. Типи бадеи ба категорияи типият алокаманд аст. Гаразноки ва принципхои синфият, партиявият, халкият ва идеяноки мохияти типиятро равшан месозанд. Типият руйдодхои гузаштаву хозираро барчаста намоён мекунад. Масалан, Ёдгору Гулнор Типи ва килони хаёти ояндадори социалисти ва Корй-Ишкамба Типи намояндаи синфхои ба марг махкум мебошад. Типияти санъат хамчун ягонагии хакикати характерхои типи дар вазъияти типи, хакконияти вокеият дар чараёни инъикоси ходисахои чамъияти, табиат ва хаёти инсони дар чинсу навъхои гуногуни адаби равшан ба назар мерасад. Он ба низоъхои рузгор алокаманд аст. Хусусиятхои конкретии таърихи ва синфии ичтимои дорад. Типият бо талаботи чараён ва методхои гуногуни адабию бадеи, бо конунхои хар як чинсу навъи адаби, бо хусусиятхои услубию тасвири мувофикан ташаккул ва инкишоф меёбад. Типикунони хам чамъбасти бадеи ва хам фардикунонии образхост. Он хислатхои намоёнтарини намояндагони синфхо, табакахо, гуруххо, амалиёт, намуди зохирии Типи бадеиро чамъбаст менамоянд. Дар типикунони тахайюли бадеи роли калон мебозад. Адабиёт ва санъати реализми социалисти Типихои барчаста ба вучуд овардааст.
Адабиёт: Худойдодов В., Тип ва типикуиони дар эчоди бадеи, Д., 1976; Ревякин А. И. Проолема типического в художественное литературе, Москва, 1969. С. Табаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.