Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИМПАНИЯ

ТИМПАНИЯ

ТИМПАНИЯ (аз юнони tympanon — накора, табл), як навъ касалии чорвои жовандаро гуянд, ки дар натичаи аз хад зиёд хурдани хуроки зуд туршанда руй медихад ва аз гази гуншуда шиками чорво дам мекунад. Тимпания шадид ва музмин шуда метавонад.

timpaniya
Сабаби Тимпанияи шадиди аввалин: аз хад зиёд (махсусан баъди борон ва шабнамзани) хурдани алафи сабзи сершира (сабза, чуворимаккаи дулмул, майсаи растанихои тирамохи, барги карам, лаблабу, себарга, мунч, юнучка ва гайра); фаровон хурдани хурокихои сергизо (концентрат); хангоми хурдани алафи сабз ё баъди он ба чорво додани об. Ба чорво додани туфолаву хурокихои резаи вайроншуда, бехмевахои пусида ва гайра низ боиси Тимпанияи суст инкишофёбанда, вале хеле бардавом мешавад. Тимпанияи шадиди дуюмин хангоми кабзияти сурхруда, хурдани растанихои захрнок (ачалгиёх, савринчон ва гайра), ки деворахои шикамбаро фалач ва касалии табларзаи шадидро ба вучуд меоварад, руй медихад. Тимпанияи музмин одатан хамчун касалии дуюмин хангоми касалихои узвхои хозима, чягар, перитонит ва гайра пайдо мегардад.
Тимпания якбора хангоми хурокдихи ё баъди чанд вакт сар мешавад. Аломати асосии он: калон шудани кисми чапи чавфи шикам. Баробари зиёд шудани дами шикам чорво бекарор мешавад; дум меафшонад, ба шикамаш нигох мекунад, бо пойхои кафояш ба шикамаш задани мешавад. Аз дамкунии шикам нафасирии чорво хеле душвор мегардад. Хангоми вазнин будани Тимпания чорво нафастанг ва халок (агар ёрии байтори нарасонанд) мешавад.
Муолича: забони чорворо бо як низоми муайян мекашанд ё барои ихрочи газ ба вена накуи мохизахрач мефиристанд; барои адсорбсияи газ ва кам кардани туршшави ба дахони чорво шири нав душида (скилидар низ хамрох кардан мумкии) ва ихтиоли обдор мерезанд; ба
чорво дорухои зидди кафки (равгани офтобпараст, канакунчид ва гайра), сикаден, антиформола ва гайра медиханд. Дар холати вазнин будани Тимпания ба шикамбаи чорво нештар (троакар) мезананд (бо максади пешгирии анемия — камхунии майнаи сар) ва гази онро охиста-охиста мебароранд. Баъд чорвои касалро 12—24 соат гурусна нигох медоранд, сипас хар шаборуз ба он 5—6 маротиба кам- кам хурок (силос, хасбеда, лаблабуи канд) медиханд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …