Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТИЛЛО

ТИЛЛО

ТИЛЛО (лотини Аurum) Аu, элементи химияви аз гурухи 1 системаи даврии Менделеев: раками атоми 79, массаи атоми 196, 9665. Тилло металли вазнини рангаш зард аст. Як изотопи собити 197Аu дорад. 195Аu (Т1/2 = 185 руз) ва 198Аu (Т1/2 = 2,686 руз) изотопхои радиоактиви нисбатан мухими Тилло мебошанд. Тилло аввалин металли ба одам маълум буд. Маснуоти аз Тилло сохташуда хануз дар замони неолит (хазораи 5—4 то мелод) мавчуд буданд.

tillo

Дар мамлакатхои кадим (Миср, Байнаннахрайн, Хиндустон, Хитой (хазораи 3—2 то мелод) Тилло истехсол карда, аз он хар гуна асбобхои ороиши месохтанд. Алхимикхо Тиллоро «шохи металлхо» номида, ба рамаи Офтоб ишора карданд; кашфи усулхои ба Тилло мубаддал кардани металхои ноасил максади асосии алхимия буд. Тилло ба хисоби миёна 4,3- 10-7%-и массаи литосфераро ташкил медихад. Дар магма ва чинсхои магмави Тилло пароканда аст, вале аз обхои гарм даркишри замин конхои гидротермии он хосил мешаванд, ки ахамияти калони саноати доранд. Дар маъданхо Тилло асосан дар шакли холис вомехурад. Чинсхои кухи 5•10-7%, оби дарёю укёнусхо 0,01—0,05 мг/т Тилло доранд. Тилло дар бофта ва хуни организмхои зинда низ ёфт шудааст. Тиллоро дар 41 мамлакати чахон истехсол мекунанд; захираи асосии он дар СССР, РАЧ ва Канада чой гирифтааст.
Тилло металли нарм ва хеде чандир буда, гарми ва кувваи электрро нагз мегузаронад; ба таъсири химияви нихоят устувор аст. Зичиаш 19320 нг/м3 (дар 200С), t гуд. 1064,430С, ( чуш. 29470С; конфигурасияи электронхои кабати берунии атом 5d|06s’ мебошад. Дар пайвастхояш 1 ва 3 дар баъзе пайвастхои комплекси 2) валента аст. Тилло бо гайриметаллхо (гайр аз галогенхо) пайваст намешавад; бо галогенхо галогенид ва дар омехтаи кислотаи HN03 ва НСI хал шуда кислотаи Н[АиСI4] хосил мекунад; дар махлулхои цианиди натрий КаCN ё калий КCN (бо иштироки оксиген) Тилло ба цианоаурати (1) натрий 2Na[Аu (CN) 2] табдил меёбад.
Тиллоро аз кадимулайём бо усули гуногун аз кабили шустани реги конхои пошхурда истехсол мекарданд. Солхои 90-уми асри 19 дар Америка, Африка ва Австралия усули амалгамасия ва сианидониро истифода бурданд. Охири асри 19— аввали асри 20 Тиллоро аз конхо истехсол мекардаги шуданд, яъне чинсхои Тиллодорро майда карда, ба махлулхои сианиди калий ё натрий омехта мекунанд, ки хангоми он Тилло аз таъсири сианидхо дар шакли намаки комплексии халшаванда ба махлул мегузарад. Баъд аз махлул онро ба воситаи металли рух баркарор карда, дар шакли такшон чудо мекунанд.
Тиллоро дар техника дар шакли хула хамрохи дигар металлхо (масалан, мис, платина ва гайра) истифода мебаранд. Микдори Тиллоро дар хулахояш, ки барои истехсоли чавохирот, танга, медал, протези дандон ва гайра корфармуда мешаванд, бо махак (проба) ишора мекунанд. Тилло инчунин барои зархалдавони аз препаратхои он дар тиб хангоми муоличан артритхои музмин ва тарбод истифода мешавад; махлулхои каллоидии Тиллои радиоактивро дар радиотерапия кор мефармоянд.
Тилло дар шароити истехсолоти моли эквиваленти кулли хисоб мешавад. Тилло чун эквиваленти кулли арзиши хамаи молхои дигарро муайян намуда, арзипи махсуси истеъмоли пайдо мекунад ва ба пул табдил меёбад. «Тилло ва нукра аз руи табиати худ пул нестанд, вале пул аз руи табиати худ тилло ва нукра мебошад» (Маркс К., дар китоби Маркс К. и Энгельс Ф» Сочинение, 2 издателство, том 13, соли 137). Дар ибтидо Тилло факат барои тайёр кардани ороишот истифода мешуд. Баъд воситаи пасандоз ва гун намуданн боигари ва мубодила гардид. Тиллоро хануз 1500 сол то мелод дар Хитой, Хиндустон, Миср, давлатхои Байнаннахрайн ва дар Юнони Кадим асри 8—7 то мело ба сифати пул истифода бурдаанд. Дар терреторияи СССР (дар Арманистон) сиккаи тангахои тиллои ба асри 1 то мело рост меояд. Вале Тилло дар давраи кадим ва асрхои миёна металли асосии валюта набуд. Пулхои мисину нукрагиро низ истифода мебурданд.
Инкишофи капитализм ва авчи савдои байналхалки макоми пули металлиро баланд кард. Бо вучуди он дар хамаи мамлакатхо баробари Тилло пули нукрагин хам дар муомилот буд. Зиёд шудани истехсоли чахонии Тилло ва махсусан аз Австралия ва Африка ба Европаю ШМА кашондани он нукраро бекурб кард ва ба монометаллизми тиллои (нигаред Стандарти тилло) гузаштани аксарияти мамлакатхо шароит фарохам овард. Тилло дар шароити истехсолоти молии стихияви муносибати одамонро инъикос намуда, аз руи хусусияти фитри ва натуралии худ макоми он хамчун муносибати ашё дар тамоми сохахо баланд гардида, фетишизми тиллою пулиро ба вучуд меорад. Хирси тиллогункуни аз хад зиёд гардида, одамон ба чиноятхои мудхиш даст мезаданд. Нуфузаи Тилло махсусан дар замони капитализм, ки кувваи корм ба мол табдил меёбад, баланд шуд. Дар давраи капитализм ба вучуд омадани бозори чахони доираи муомилоти Тиллоро васеъ намуда, онро ба пули чахони табдил дод.
Дар давраи кризиси умумии капитализм стандарти тилло ахамияти худро гум кард. Дар натича дар муомилоти дохилии мамлакатхои капиталисти пули когази маъмул гардид, ки ба банкнотхои Тилло иваз намешуд. Содироти Тилло ва хариду фуруши онро махдуд ё тамоман манъ карданд. Баъди ин Тилло чун воситал муомилот ва пардохт истифода намешуд, вале чун андозаи ягонаи арзиш, воситаи ташкили хазина ва пулхои чахони, заминаи асоси системаи пули ва омили танзими катъии муносибатхои тарафайни пули ва ухдадорихои мамлакатхои капиталисти ахамияти худро нигох дошт. Хачми захирахои Тилло нишонаи мухими устувории валютаи капиталисти ва иктидори иктлсодии мамлакатхои чудогона мебошад (нигаред Захираи тилло). Холо Тилло барои истифода бурдан дар саноат ва гункунии хусуси дар бозорхои махсуси Тилло хариду фуруш мешавад. Аз доираи муомилоти бозори озоди байнидавлати баромадани Тилло сахми онро дар системаи валютаи чахони капиталисти, пеш аз хама, дар захирахои валютахои онхо кам кард. Дар иктисодиёти социалисти низ Тилло эквиваленти кулли буда, ба сифати андозаи арзиш ва меъёри нарх истифода мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …