Маълумоти охирин

ТИЛИСМ

ТИЛИСМ (араби)» яке аз кадимтарин тасаввуроти афсонави ва амалиёти сохириро гуянд. Тилисм аввал дар Шарк ба вучуд омада, сипас ба мамлакатхои Гарб густариш ёфтааст. Дар ахди кадим кохинон тилисмбанди мекарданд. Онхо муътакид буданд, ки Тилисм ба мавкеи саёрахо вобастаги дорад. Тилисмро хамчун воситаи сехр ба умеди тавонгари, тандурусти озод шудан аз азобу машаккатхоип он дунё ва гайра медонистанд.
Тилисм дар ривоят, киссаю достонхои халки хеле маъмул аст (масалан, хобидани аждахо дар болои хазинаю дафина, ба санг табдил ёфтани чилдухтарон ва гайра). Кариб дар тамоми нохияхои кухии Точикистон сангхое дучор меоянд, ки шабехи чупон бо рамаву сагаш, пиразан бо дегу танураш, чавонзан бо кудаку гахворааш, анбухи одамон бо шутуру асп ва гайра мебошапд. Бино ба ривоятхои халки, сангхо гуё дар вакташ одаму хайвоноти хакики будаанду барои начот ёфтан аз хучуми душманон ба воситаи Тилисм ба шаклхои гуногун мубаддал гардидаанд.

tilism
Дар Тилисм хар як аломат, хат, хонача, ракам мавкеи хос дошт. Масалан, дар мураббаъхои сехрноки нух ва шонздаххонадор (нигаред Квадрати сехрнок) умедхои зиёди гуногун (тандурусти, бемори, рафъи захмат, афзунии зироат, гарк нашудан дар об, давлатманди, пирузи дар чанг ва гайра) нихон буд.
Тилисмкаш дар вакти чилланишини ё навиштанл Тилисм бояд хомуш нишаста аз мардум канорчуи ё гушанишини мекард. Тилисм дар когаз, чарму чуб, сафол, сурбу биринчи, нукраю тилло, санги болои кабр, сару либос сабт ва духта мешуд (масалан, Тилисме, ки аз сурахои Куръон ва номхои худо дар либос духта мешуд, дар музеи шахри Бухоро махфуз аст).
Тилисм чун соири ва чодугари хурофот асту бас.
О. Муродов, А. Махмадалиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.