Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИХОНОВ Николай Семёнович

ТИХОНОВ Николай Семёнович

tixonov-ns

ТИХОНОВ Николай Семёнович (4 12. 1896, Петербург—8. 11. 1979, Москва), нависандаи советнии рус, ходими чамъияти, Кахрамони Мехнати Социалисти (1966), Шоири Халкии Точикистон (1971). Иштирокчии Чанги якуми чахони (1914 —18), Чанги граждани (1918—20) ва Чанги Бузурги Ватаии (1941—45). Дар достони «Сами» (1920) В. И. Ленин ва дар достони «Киров бо мост» (1941; Мукофоти давлатии СССР, 1942; тарчумони точик 1960) химоягарони Ленинград тасвир шудаанд. Дар лирикааш романтикаи вазифаи революциони (мачмуаи «Урда» ва «Брага», 1922) мавзуъхои дустии халкхо ва мубориза барои сулх мавкеи калон дорад. Муаллифи чандин хикоя ва повест, аз чумла китоби «Шаш сутун» (1968; Мукофоти Ленини, 1970) буд. Асархояш ба забоии халкхои СССР ва бисёр забонхои хоричи тарчума шудаанд (ба точики асархояшро Мирзо Турсунзода тарчума кардааст). Аъзои Совети Умумичахонии Сулх, раиси Комитети Советии мухофизати сулх (аз 1949). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 2—9). Котиби Иттифоки Нависандагони СССР (аз 1944). Лауреати Мукофоти байналхалкии ленини «Барои мустахкам намудани дустии байни халкхо» (1957). Бо 3 ордени Ленин, Ордени Революцияи Октябрь, 4 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.
Осор: Асархои мунтахаб, Душанбе, 1976; Собр. соч. том 1—7, Москва, 1973—76.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.