Маълумоти охирин

ТИФ

ТИФ (аз юнони tuphos — дуд, туман; тирагии хуш), бемории араки, калта, мухрика, номи шартии баъзе беморихои сироятист, ки якчоя бо табларза ва ихтилоли хуш ба амал меояд. Тиф якчанд хел мешавад: Тифи шиками, паратифхо, Домана, Тифи рачъи ё такроршаванда.

tif
Тифи шиками бомории шадиди сирояти буда, факат одамон гирифтор мешаванд. Хангоми он табларза, захролуди, ихтилоли асаб, узвхои хозима ва дилу рагхо ба амал меояд. Доир ба тифи шиками аввалии бор духтурони франсави Ф. Бретанно (1813) ва Ш. Луи (1829) маълумот додаанд. Барангезандааш salmonella typhi (соли 1880 олими немис К. Эберт кашф намудааст) мебошад. Манбаи сироят одами бемор ё хомилини бактерия аст. Ангезандаи бемори бо начосат ё пешоб ва магас мегузарад. Хангоми ба дахон бурдани ангушт ва истеъмоли обу хуроки ифлос бактерияхои касали ба организм медароянд. Баъд онхо ба гадудхои лимфавии рудаи борик (тугулчахои Пейер) дохил шуда, пас аз 7—10 рузи бемори решхои тагдор хосил мекунанд. Баъди давраи пинхони (инкубациони) бактерияхо аз гуддахои лимфави ба хун гузашта ба тамоми бадан пахн мешаванд. Дар хун як кисм бактерияхо нобуд гашта, аз онхо захри бактерияви хосил мешавад ва боиси захролудии тамоми организм мегардад. Бемори одатан ботадрич инкишоф меёбад. Баъди давраи пинхони (10—14 руз) организм суст ва кобилияти кории одам паст шуда, бехоли, камиштихои, дарди сар, бехоби, кабзият ва баъзан дарунрави руй медихад. Харорат хафтаи аввал баланд шуда, ба 39—40°С мерасад; ранги руи бемор парида, пусташ хупш, шикамаш дам ва сипурзаш калон мешавад. Баъди 8— 10 руз дар сари сина ва шикам доначахои сурх (розеола) медаманд. Хунравии руда, илтихоби шуш, бронхит, тромбофлебит ва бодхои тифи шиками буда, охирхои хафтаи 3-юм руй медиханд. Бемори 3—6 хафта давом мекунад. Истифодаи антибиотикхо давомият ва марговарии тифи шикамиро кам кард. Тифи шикамиро дар асоси маълумотхои клиникию эпидемиологи ташхис мекунанд. Муолича: пархез, антибиотикхо, дорухои мадорбахш ва гайра Пешгири: риояи коидахои гигиенаи шахси, ичро намудани талаботи санитарию гигиени (махсуан дар муассиса ва магазинхой хуроквори, ошхонахо, ресторанхо, буфетхо), назорати манбаъхои таъминоти об, нест кардани магас, чудо нигох доштани беморон, муайян намудани хомилони бактерия ва аз муассисахои хуроквори дур кардани онхо ва гайра.
Паратифхо беморихои сироятии руда буда, бактерияхои чинси салмонеллахо ба вучуд меоранд. Нигаред Паратиф.
Домана бемории шадиди сирояти буда, ба гурухи риккетсиозхо мансуб аст.
Тифи рачъи ё такроршаванда бемории шадиди сирояти буда, спирохетхо (ба воситаи шабушк ва кана) ба амал меоранд. Тифи рачъи ду хел мешавад: вогир (элидеми) ё шабушки ва чойдори (эндеми) ё канаги. Ба тифи вогир ё шабушки факат одам гирифтор мешавад. Барангезандааш спирохета мебошад, ки соли 1868 олими немис О. Обермейер кашф намуд. Манбаи бемори одами бемор ва пахнкунандаи он шабушк аст. Ба тифи рачъии вогир одамон асосан дар мамлакатхое гирифтор мешаваид, ки дарачаи инкишофи мадани ва иктисодиашон паст аст; дар СССР бархам дода шудааст. Шабушк факат баъди 4 рузи макидани хуни бемор касали ангезанда мешавад. Спирохетхо ба воситаи чойхои харошидаи пуст, захм ва гайра ба хун рох ёфта ба воситаи рагхои лимфа ва чараёяи хун ба органиам пахн мегарданд. Хангоми нобуд шудани онхо захр (токсин) чудо мешавад. Дар натичаи фаъолияти барангезанда ва захри он чигару сипурз варам карда калон мешаванд. Давраи пинхониаш аз 2 то 14 шаборуз. Бемори якбора бо таби баланд (39—40°С) ва ларза сар шуда, сару мушакхо (махсусан мушакхои соки по) дард мекунанд; иштихо баста, ташнаги аиёд ва пуст сурхи тафсон мешавад. Бемори хуруч мекунад. Хуручи якум 5—7 руз (баъзан камтар) давом карда, охир таб паст мешавад (апирексия) ва шахси бемор худашро сихат мепиндорад. Апирексия 6—8 руз давом мекунад. Баъд хуручи дуюм шуруъ мешавад, ки аломатхояш мисли хуручи якум аст. Хуручхои минбаъда аз хуручхои пештара камтар давом мекунанд. Одатан баъди 2—3 хуруч (баъзан 4—6) бемор тадричан сихат мегардад. Беморонро факат дар беморхона муолича мекунанд.
Пешгири: сари вакт муайян намудан ва бистари кунонидани беморон; рох надодан ба пайдоиши шабушк. Тифи рачъии чойдори ё канагиро спирохетахои гуногуни спиралмонанде ба амал меоранд. Спирохстахо ба воситаи кана сироят мекунанд. Манбаи табиии бемори кариб дар хамаи китъахо ёфт шудааст; дар СССР дар Казокистон, Осиёи Миёна, Закавказия ва чануби Украина вомехурад. Аз хайвонот хояндахо (муш, калламуш, тавушкон ва гайра) гирифтор мешаванд. Одам баъди газидани кана бемор мешавад. Механизм ва инкишофи тифи рачъии чойдори мисли тифи рачъии вогир аст, вале хуручхояш зиёдтар ва номунтазаманд. Беморон хатман дар беморхона муолича карда мешаванд. Пешгири: несту нобуд кардани канахо дар бинохои истикомати ва хочаги, мухофизати одамон аз газидани онхо (бо либосхои махсус).
Адабиёт: Зверев В. И., Тифо-паратифозные болезни в прошлом и настоящем, Москва 1967 Руководство по инфекционным болезням, Моска. 1968; Руководство по инфекционным болезням у детея, Москва, 1980.
С. Бобоев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …