Маълумоти охирин

ТИБИТ

ТИБИТ, 1) як навъ пари парранда ва тори махини пашми хайвоноти ширхор, ки барои танзими гармии бадани хайвонот хизмат мекунад. Тибити паррандахои болиг одатан дар зери пархо, вале дар баъзеашон (масалан, калмург) дар сару гардан (дар берун) мебарояд. Баъзе паррандахо (масалан, пинггвинхо) Тибит надоранд. Тибитро ба болишт меандозанд, инчунин барои гарм кардани сару либос ба кор мебаранд. Тибити сафеди мургобихо (махсусан гага) киматбахост.
Тибити гусфанд, буз, шутур, харгуш, хайвоноти муинадор нихоят нарм мешавад. Тибити хайвонот одатан пашмаки махин аст. Тамоми пашми бадани гусфандхои махинпашм, бузхои зоти тибитдор ва харгушхо нахи тибити мебошад. Аз Тибити гусфанд (борикиаш 15 —25 мкм) ресмони аз хама борику мустахкам бофта, матоъхои бехтарини пашмин, аз Тибити буз асосан руймол, аз Тибити шутуру харгуш бошад, матоъхои трикотажи мебофанд, Нигаред низ Пашм.
2) Тибити пахта ё линт пахи (пати) кутохест, ки баъд аз чудо карда гирифтани пахта дар чигит мемонад. Микдори линт 4—8% вазни чигитро ташкил медихад. Линти чигитро баъди гирифтани нах чудо мекунанд ва хамчун ашёп хом барои истехсоли пахта, пахи сунъи, лок, плёнкахо, моддахои тарканда ва гайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.