Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИББИ АВИАСИОНИ

ТИББИ АВИАСИОНИ

tttt

ТИББИ АВИАСИОНИ, тибби хавонаварди, як кисмати тибро гуянд, ки фаъолияти мутахассисони сохаи авиацияро омухта, барои баланд бардоштани кобилияти кори, бехатар намудани парвоз ва бардамию солимии онхо тадбирхои судманд меандешад. Тибби авиасиони аз физиологияи авиасиони (асоси назариявии Тибби авиасиони), гигиенаи авиасиони, токсикологияи авиасиони, психологияи авиасиони, биохимияи авиациони, экспертизаи тиббии хавонавардон ва гайра иборат аст. Тибби авиасиони асосаи хасташави (хангоми парвоз), мондашавии музмин, беморихое, ки ба баланди ва хаво вобаста аст, беморихои декомпрессиони, баротравмахо, фаъолияти хавонавардон ва гайраро меомузад. Тибби авиасиони илми профилактикист. Вале дар як катор холатхо духтурони ии соха баъзе тадбирхои табобати андешида ёрии аввалини тибби (хангоми зарбу лат) низ морасонанд.
Тибби авиасиони солхои 80 асри 19 дар Франсия ба вучуд омадааст. Дар Россил Тибби авиасиони соли 1909 пайдо шуд. Дар инкишофи Тибби авиасионии СССР сахми И. М. Сеченов. Л. А. Орбели, В. И. Воячек, Н. Н. Спротинин, И. Р. Потров, В. В. Стрелсов, П. И. Егоров, К. Л. Хилов, А. П. Апполонов ва дигарон калон аст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …