Маълумоти охирин

ТЕРМОС

ТЕРМОС, зарферо гуянд, ки харорати хуроку нушокихоро нигох медорад. Олими англис Ч. Дюар ихтироъ карда буд. Гармишави дар зарфи Дюар факат аз хисоби нурафкани ва гармигузаронии деворахои зарф ба амал меояд. Барои кам кардани нурафкани ба девораи зарф нукра андуда мешавад. Термосхо аз руи таъинот рузгори ва махсус (барои муассисахои хуроки умуми) мешаванд.

termos

Термосхои рузгори зарфи шишагии ба гилофи металли ё пластмасси чойгиршударо мемонад. Термосхои гарданаашон борик бештар истехсол карда мешаванд. Зарфияти ин гуна Термосхо аз 0,25 то 2 л аст. Дар муассисахои хуроки умуми барои нигох доштан ва кашонидани махсулоти кулинари Термосхои 30 литра — термоконтейнерхоро истифода мебаранд. Дар савдои чакана барои фурухтани самбусахои гарм, яхмосхо ва гайра термолоткахои хачмашон то 10 л истифода мешаванд. Термолоткахоро асосан аз алюминий сохта фазои байни деворахои термоизоляционии онхоро бо пукреза, когази чин-чин, фолгаи алюминий ва гайра пур мекунанд; сарпушашон дукабата аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.