Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕРМОРЕГУЛЯТОР

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР (аз термо… ва руси регулятор — танзима), тачхизотеро гуянд, ки барои ба таври автомати дар саннаи муайян нигох доштани харорати дохили бино, зарф, трубопровод, кура ва дигар объектхо таъин шудааст. Терморегуляторхо дар сохахои гуногуни саноат, хочагии кишлок, лабораторияхои назорати ва тадкикоти илми истифода мешаванд. Онхо асосан аз унсурхои зерин таркиб ёфтаанд: термодатчик —зиёд ё кам шудани хароратро ба кайд гирифта, онро ба сигнали муайян табдил медихад; узви идора — сигнали аз термодатчик гирифташударо таквият медихад; узви ичро — сигнали таквияшударо, ба узви танзимкунанда мёгузаронад, ки он дар навбати худ чараёни энергия (ё худ модда)-и дохил ва хоричшавандаро танзим мекунад.

1021401705

Терморегуляторхои амалиёташон бевосита ва бавосита мавчуданд. Дар Терморегуляторхои бевосита амалкунанда сигнали термодатчик бевосита ба узви танзимкунанда мегузарад. Дар Терморегуляторхои бавоситаамалкунанда бошад, таъсири сигнали термодатчик ба узви танзимкунанда тавассути моеъ (Терморегулятори гидравлики), газ (Терморегулятори пневматики) ва энергияи электр (Терморегулятори электри) гузаронида мешавад.

Адабиёт: Юрманов Б. Н., Автоматизация систём отопления, вептиляции и кондиционирования воздуха, Ленинград 1976.

А. Сулаймонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …