Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМОМЕТРИЯ

ТЕРМОМЕТРИЯ

ТЕРМОМЕТРИЯ (аз термо… ва …метрия), як фасли физикаи амалиро гуянд, ки тахияи усулу воситахои чен кардани хароратро меамузад. Термометр як фасли метрология низ ба хисоб меравад: он масъалахои ягонаги ва сахехияти ченкунихо, мукаррар намудани шкалахои харорат, сохтани эталонхо, дарёфти усулхои дарачабанди ва санчиши асбобхои хароратсанчро дар бар мегирад. Хароратро бевосита чен кардан имкон надорад: онро аз руи тагйир ёфтани хосиятхои физикии чисмхо (хачм, фишор, муковимати электри ва гайра) муайян мекунанд. Усулхои чен кардани харорат гуногун мешаванд; онхо ба тарзи кори асбобхо, диапазонхои харорати ченшаванда, шароити кор ва сахехияти матлуб вобастаанд. Асосан ду гурух усулхои чен кардани харорат маъмул аст: услуби контакти (термометрия) ва услуби гайриконтакти (Термометри афканишот ё пирометрия).

termometr

Дар услуби контакти харорати асбоби андозагир бояд бо харорати мухит дар мувозинат бошад. Хамаи асбобхои хароратсанч асосан аз ду кисм — элементи хассос (дар он хосиятхои термометри ба амал бароварда мешавад) ва асбоби андозагир (ба элементи хассос вобаста буда, ифодахои ададии ин хосиятро чен мекунад) иборат аст. Асбобхои ченкунандае, ки тавассути онхо киматхои ададии хосиятхои термометриро муайян мекунанд (манометр, потенциометр, логометр, милливолгметрхо ва гайра), асбобхои ёрирасон номида мешаванд. Термомотрхои техники алохида-алохида дарачабанди нашуда, балки бо асбобхои ёрирасон муштарак истифода мешаванд. Барои ягонаги ва сахехияти ченкунии харорат аз эталони давлатии вохиди харорат келвин истифода мебаранд, Киматхои харорати бо эталон мукоисашуда ба асбобхои намунави гузаронида шуда, вобаста ба он асбобхои кории хароратсанч дарачабанди ва тафтиш карда мешаванд. Термометрхои муковиматии аз германий (1,5— 13,8 К) ва платина (13,8—903,9 К (630,7°С)] сохташуда, термопараи платинаги (630,7—1064,4°С), платинародий (90% Рt, 10%Rd) ва пирометри оптики (зиёда аз 1064,4) намунаи асбобхои хароратсанч мебошанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …