Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна

ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна

tereshkova

ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна (таваллуд 6. 3. 1937, дехаи Маслениково, раёни Тутаеви вилояти Ярославль), лётчик кайхоннаварди СССР, полковник инженер (1970), Кахрамани Иттифоки Совети (1963). Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1962. Соли 1960 Техникуми гоибонаи саноати сабуки Ярославлро хатм кардааст. Дар аэроклуби Ярославль бо спорти парашюти шугл варзида бо парашют 163 маротиба ба Замин чахидааст. Аз соли 1962 дар отряди кайхоинавардон. Аввалин занест, ки 16 июни 1963 бо киштии кайхонии «Восток-6» ба кайхон парвоз намуд. Терешкова дар парвози гурухи бо В. Ф. Быковский («Восток-5») атрофи Заминро дар 70 соли 41 дакика 48 маротиба давр зада, такрибан 2 млн км масофаро тай намуд. Соли 1969 Терешкова Академияи харбии хавоии нженерии ба номи Н. Б. Жуковскийро хатм кард. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 7— 11) ва аъзои Президиуми Совети Олии СССР. Раиси Комитети советии занон (1968-87) ноиби президенти Федерацияи демократии байналхалкии занон (аз 1969), аъзои Совети Умумичахонии Сулх. Дар съездхои 24, 25, 26 ва 27-уми КПСС аъзои КМ КПСС интихоб гардидааст. Бо ордени Ленин, ордени Роволюцияи Октябр ва ордену медалхои бисёр мамлакатхои хоричи мукофотонида шудааст. Терешкова инчунин Кахрамони Мехнати Социалистии РСЧС, РХБ, Кахрамони Мехнати Республикаи Социалистии Вьетнам, Кахрамони РХМ мебошад. Яке аз танурахои тарафи нонамоёни Мох номи Терешковаро дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.