ТЕРЕСКЕН як чинси буттаву нимбуттахост аз оилаи шурахо. Дар СССР (чануби Кисми европои, Сибир, Кавказ, Осиёи Миёна, аз он чумла РСС Точикистон) 2 намуди терескен — С. latens ва С. еvercmanianna дар махалхои санглоху регзор, дашт, нимбиёбону биёбон месабзад. Июл — август, гул карда, август— сентябр тухм мебандад. Терескен растании хуби хуроки чорвост.
Дар Помир беш аз 1 млн га терескензор хаст. Терескензор чарогохи хуб ба хисоб меравад. Баргу пояи терескенро бузу гусфанд, аслу шутур нагз мехурад. Хошоки терескен 14,7— 18,1% протеин, 11,8—25,1% сафеда,I, 5—4,8% равган, 0,2—1,3% охар (крахмал), 0,6—6,1% канд, 29,5— 42,6% моддахои киёмии бенитроген, 11, 9—14,9% моддахои минерали дорад. Терескени хушкро чун хезум хам истифода мебаранд.
Адабиёт: Флора Таджикской ССР. том 3, Л.,
1968; Юсуфбеков X. Ю., Касач
А. Е., Терескси на Памире, Душанбе. 1972.
А. Мадаминов.