Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРАТОЛОГИЯ

ТЕРАТОЛОГИЯ

ТЕРАТОЛОГИЯ (аз юнони зиштруй, нокис, маъюб ва …логия), илмеро гуянд, ки маъюби ва нуксонхои инкишофи растани, хайвонот ва одамро меомузад. Тератологияи хайвонот сохти номуътадили организмро, ин асосан ба ихтилоли нумуи чанин вобаста аст, тадкик мекунад. Барои тафсири илмии Тератология коллекцияхои тератологи аз кадим гун кардашуда кумак мерасонанд. Яке аз чунин коллекцияхои аввалинро охири асри 17 анатоми голланди Ф. Рёйс чамъ карда буд. Пётри 1 хангоми дар Голландия буданаш (1697—98) бо ин коллевсия шинос шуд ва соли 1747 онро харида, ба Петербург овард. Дар коллекцияи мазкур, ки чун Куноткамера машхур аст, часади як гусолаи дусара, ду чанини танаашон ба хам часпода ва гайра хаст. Тератологияи муосир сабаб ва тарзи ба вучуд амадани касалихои ирси ва нуксони инкишофи батни модарии гайриирсиро тадкик менамояд. Пешгири кардани инкишофи нуксонхои модарзод дар одаму хайвонот вазифаи асосии Тератология мебошад. Барои халли ин масъала ошкор намудани тератогенхое (моддахои химияви ё омилхои табиие, ки боиси маъюби мегарданд), ки ба одам ё хайвонот таъсир карда метавонанд, ахамияти калон дорад, Масалан, таъсири тератогени доштан ё надоштани хаман дорухои навро пеш аз истифода дар чанини хайвонот месанчанд. Моддахаи химиявии захрноки дар хочагии кишлок истифодашаванда низ ба назорати тератологи мегузаранд.

Тератологияи растанихо нуксонхои ирсию гайриирси ва инкишофи нодурустро, ки боиси тагйироти микдор, хачм, чойгиршавию сохти узвхо ва гайра мегардад, меомузад. Сабабхои зухуроти тератологи: сирояти вирусхо, миколаамахо, бакстерияхо, занбуругхо, зараррасонии нематодахо, канахо, хашарот, дурагакуни, афканишоти нонатациякунанда, омилхои геофизики, нурихо, пеотицодхо, харорави баланд ё паст, зиёд ё кам будани обу рушнои ва гайра.

Тадкикоти инкишофи тератолоти барои тахлили тахаввули морфофизиологи растави ва (мукаррар намудани конуниятхои патологияи мукоисавии организмхои наботи (бо максади селекция, муайян намудани роххои зиёд кардани хосили наботот, мухофизати онхо аз хашароту микробхои зарарасон, бемарихо, хангоми чустучуи сарватхои табиат ва санчиши биологии моддахои химияви ва гайра) мухим аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …