Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕПЛОХОД

ТЕПЛОХОД

ТЕПЛОХОД, як навъ киштиест, ки тавассути мухаррики дарунсуз ба харакат оварда мешавад. Теплоходхо бори аввал дар Россия барои кор дар дарёи Волга сохта шуданд: талкерхои винтии «Вандал» (1903), «Сармат» (1904), ядаккиштии «Мысл» (1907) ва гайра; барои кор дар бахри Каспий танкери «Дело» (1908) бунёд гардид. Нахустин киштии (теплоходи) зериобии «Минота» хам соли 1908 дар Россия сохта шудааст, ки 2 мухаррики дарунсуз (иктидори хар яки он 88 кВт) дошт.

teploxod

Дар хорича Теплоход дар Дания соли 1922 сохта шуд (танкери наклиётии «Зеландия»), ки он ду мухаррики (иктидори хар яке 920 кВт) дошт. Соли 1913 аз 80 Теплоходи флоти чахони 70 тоаш азони Россия буд. Такмили мухаррикхои дарунсуз сабаби ба таври васеъ истифода бурдани теплоходхо гардид. Дар теплоход мухаррики асоси мухаррики дарунсузи ду такта ва чортактаи хурд, миёна ва баландгардиш мебошад. Компрессор ва баллонхои хавои фишурда, систамаи хунуккунии поршенхо ва силиндрхо, тачхизоти тозакуни ва интиколи сузишворию равганхои молидани тачхизоти ёридихандаи шуъбаи мошинии теплоход мебошанд. Иктидори мехини агрегатии мухаррикхои киштихо ба 36,3 МВт (Теплоходпаромхо; 1975, Япония), вале иктидори мехини дастгоххо ба 2×29,4 МВт (Теплоходи контейнеркашон; Япония) расидааст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …