Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК (соли таваллуд ва вафот номаълум), хокими Хучанд дар замони хукмронии Хоразмшохиён дар НИММАИ АВВАЛИ асри 13, лашкаркаши точик. Темурмалик аз хучуми мугулхо ба Мовароуннахр панох шуда, аз паи ташкили мудофиаи ватан афтод. Дар натича истилогарон ба дарунтари мамлакат даромада натаванистанд.

temurmalik
Хучанд калъаи кадими мустахкаме дошта бошад хам, бо одами кам ба мукобили мугулхо муддати дароз истодагари карда наметавонист. Бннобар ин Темурмалик дар чазирае, ки дар миёнаи дарёи Сир вокеъ буд, калъаи мустахкаме бино кард. Ин калъа аз санги манчаник (аз ин асбоб Чингизиён хам ба хуби истифода бурдаанд) ва оташи нафт дар амон буд. Темурмалик дар калъа озука ва аслихаро низ захира кард. 12 киштии бодбони сохт ва ба ахолии нахр кори харби омухт. Чингизхон тирамохи соли 1219 бо лашкари дусадхазора ба хоки давлати Хоразмшохиён хучум овард. У кушунашро ба се таксим карда, як гурухи онро бо сардории писараш Чагатой барои забт кардани Хучанд фиристод. Мугулхо бо 20 хазор аскар ва 50 хазор асирони худ бар зидди чанговароии Темурмалик хучум сар карданд. Дар мархалаи якуми мудофиаи Хучанд харбузарб дар сохили рости дарё бо амалиёти фаъолонаи Темурмалик мегузашт. Темурмалик ба мугулхо имкон надод, ки аз санг оббанд сохта аз дар Сир гузаранду шахр ва калъаро ишгол кунанд. Вале мархалаи дуюми мудофиаи шахр бебарор шуд: кисме аз лашкари мугул ба сохили чапи дарё гузашт ва аз хоинии ашофи шахр (савдогарон, рухониён ва гайра), ки шабона дарвозаи шахрро ба душман боз карда буданд, истифода бурд. Калъаи шахр баъди чангхои шадиди кучаги ба дасти душман афтод. Истилогарон шахрро горат ва ахолии онро кир карданд. Темурмалик бо аскаронаш мухорибаро давом дод. Баъди кам мондани захираи озука ва ярок сипохиёни Темурмалик ба киштихо савор шуда, ба тарафи Урганч равона шуданд. Саворагони мугул аскарони Темурмаликро таъкибкунон аз ду тарафи сохили дарёи Сир ба суи онхо тирпарони карданд. Нихоят, мугулхо пеши харакати киштихоро бо занчири оханин бастанд, вале чанговарони Темурмалик занчирро пора намуда, ба пеш харакат карданд, Окибат, аскарони Темурмалик бо мугулхо ру ба ру омаданд ва чанги тан ба тан сар шуд, Пас аз талафоти зиёд Темурмалик. бо як гурухи хурди чанговароии худ ба Хоразм омад, ки он чо бокимондахон лашкари дар чанлхои дигар шикастхурдаи Мухаммади Хоразмшох чамъ омада буданд. Темурмалик аскарони кобили чангро гирд оварда, муборизаро ба мукобили истилогарони мугул давом дод ва шахри Урганчро далерона мухофизат кард. Темурмалик ба душман якчанд маротиба зарбахои сахт зада шахри Янгикентро аз дасти мугулхо озод кард. Сипас бо аскарони худ ба кушуни писари Мухаммад Хоразмшох Чалолуддии хамрох шуда, дар Хуросон ва Афгонистон ба мугулхо мукобилат нишон дод. Дертар Темурмалик аз тарафи мугулхо кушта шуд. Чунон ки С. Айни дар очерки таърихии худ «Кахрамони халки точик Темурмалик» менависад, аз миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтаанд, ки дар он як каф хок ва як порча когаз буд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхохи одамон ва ватандуст боши, маро бо ин як каф хок гурон, ки ин ёдгории ватани азизи маи аст!»
Адабиёт: Бартолд В. В., Сочинение, том 1, Москва, 1963; Айни С., Кахрамони халки точик Темурмалик, Кулиёт, чилди 5, Душанбе, 1963; Гафуров Б. Г., Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна, китоби аввал, Душанбе, 1983. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.