Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕМЕХАНИКА

ТЕЛЕМЕХАНИКА

ТЕЛЕМЕХАНИКА (аз теле… ва …механика), як сохаи илму техникаи ирсолу кабули информация (сигнал)-и идора ва назорати фосилавиро меомузад. Телемеханика аз дигар сохахои илм ва техника (телефония, телеграфия, телевизион ва гайра), ки услуб ва амалхои ба масофа ирсол намудани информацияро дар бар мегиранд, бо чунин хосиятхояш фарк мекунад: ирсоли маълумоти хеле суст тагйирёбанда, зарурияти ирсоли сахехтари бузургихои ченшаванда (то 0,1%), ирсоли боэътимоди амрхои идора (эхтимолияти пайдоиши амри хато бояд аз 10-6-10-1010 калон набошад); зудкори, савияи баланди автоматонии процессхои гирдовари ва истифодаи информация; мутамарказии коркарди информация.

telemehanika

Системахои телемеханика дар саноати атом, баъзе корконахои саноати химия ва идораи объектхои кайхони (ракета, луноход ва гайра) истифода мешаванд. Одатан, тавассути телемеханика агрегатхо, мошинхо, дастгоххо ва дигар объектхоеро, ки аз якдигар дар масофаи дур чой мегиранд (масалан, водопровод, газопровод, нефтепровод, системахои энергетики, наклиёти рохи охан, стансияхои метеорологи) аз пунктхои идора (ПИ) ё пункти диспетчери (ПД) идора ва назорат менамоянд. Масофаи байни пункти назорати ва ПИ аз даххо м(масалан, идораи крани бинокори) то садхо хазор км (масалан, идораи станцияи автоматии байнисайёрави) мешавад. Барои интиколи сигнали телемеханика хатхои алока (симин ва кабели), радиоканалхо, каналхои оптики, гидравлики ва акустики ва хатхои электр истифода мешаванд. Мачмуи олотхоеро, кн тавассути онхо одам объектро идора ва назорат мекунад, системаи телемеханики (СТМ) меноманд. СТМ-е, ки факат барои идора ё назорати объект истифода мешавад, мувофикан телеидора (ТИ) ё теленазорат (ТИ) ном дорад.

Истилохи Телемеханикаро олими франсави Э. Бранли соли 1905 пеш ниход. Аввалхо бо радио идора намудани объектхои сайёри харбиро телемеханика номиданд. Солхои 20 асри 20 Телемеханика бори аввал бо максадхои осоишта дар наклиёти рохи охан истифода гардид. Соли 1930 дар СССР нахустин дар чахон радиозонде сар дода шуд, ки бо олатхои телеандозагири чихозонида шуда буд. Истехсоли воситахои телемеханика бори аавал соли 1950 дар заводи «Электропулт» ба рох монда шуд. Солхои 1965—56 дар СССР нахустин системаи электронии телеандозагири тахия шуд.

Телемеханика дар тадкикоти кайхон роли калон мебозад. Ба воситахои телемеханика объектхои кайхони (радифхои маснуи Замин, стансияи автоматии байнисайёрави, аппаратхои париши кайхони ва гайра аз Замин идора мешаванд. ТИ ва телеандозагири, ки дар авиация, техникаи ракети ва киштихои кайхони истифода мешаванд, радиоидора ва радиотелеметрия ном гирифтаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

847420449_w640_h640_samovar-na-drovah

САМОВОР

САМОВОР, самовар (аз русии сам худ ва вар — чуш), зарфест барои чушонидани об. Иборат …