Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯ

ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯ

ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯ, илмест оид ба просессхо усулхо ва воситахои тахвили мукаммали ашёи хом ва махсулоти нимтаёри химияви. Шаклхои мухталифи Технологияи химияаз замонхои кадим ба инсон маълум аст. Технологияи химия дар асрхои 18-19 асосан тавсифи сохахои алохидаи истехсолоти химияви, тачхизот ва хисобу китоби энергия ва махсулотро дар бар мегирифту халос. Дар баробари тараккиёти саноати химия зарурати омузиш ва амали гардонидани конунияти просесхои мусоидтарини технологияи химия ва истифодаи мукаммали саноатии онхо низ ба миён омад. Вазифаи асосии Технологияи химия ба як системаи технологи гун овардани табадуллоти гуногуни просессхои химияви ва механики (масалан, майдаю чудо кардани масолехи сахт, ташаккул ва аз чудо кардани системахои гетерогени, фишурдаи газхо, ба вучуд овардани харорати баланду паст, майдонхои электри, магнити, ултросадои ва гайра) мебошад.

tex-ximiya

Усулхои Технологияи химияро дар саноати химия инчунин дар саноати химияи нефт, металургия, дорусози, истехсоли масолехи бинокори, шиша, когаз ва гайра васеъ истифода мебаранд. Барои пешрафти Технологияи химия комёбихои химия, физика, механика, биология, математика ва дигар илмхо мадади калон мерасонанд. Вобаста ба ашёи хом (масалан , технологияи тахвили ашёи наботи , хайвони, минерали, ва гайра) истифодаи махсулот (масалан, технологияи нурихо, рангубор, дорувор), гурухи элемантхои системаи даври (масалан, технологияи металхои ишкори, вазнин ва гайра) инчунин реаксия ва просесхои химияви (технологияи хлорони, сулфурони, электролиз ва гайра) намудхои гуногуни Технологияи химияро фарк мекунанд. Истифодаи мукаммали ашьёи хом ва энергия, ба вучуд овардани дастгоххои махсуси самаранок, просессхои сарбастаи муттасил, истифодаи реаксинхои катализм, автоматони ва гайра роххои асосии инкишофи Технология химия мебошанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …