Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ПОЧТА

ТЕХНИКАИ ПОЧТА

ТЕХНИКАИ ПОЧТА, олат ва воситахои наклиётиеро гуянд, ки дар алокаи почта, барои ичрои амалиёти асоси (кабул, ба навъхо чудокуни, интикол ва ба адресхои муайян бурда расонидани мактуб, посилка, телеграмма ва гайра) истифода мешаванд. Оддитарин олати Техникаи почта куттии почта аст, ки онро соли 1653 Ренуар де Виллайс (Франция) ихтироъ карда буд. Баробари ба истифода додани хатти рохи охани Ливерпул—Манчестар (1830; Британияи Кабир) почтаро ба воситаи рохи охан, аввал хамчун бори мукаррари, баъдтар (соли 1839) дар вагонхои махсус (почтави) мекашондаги шуданд. Минбаъд асрхои 19—20 воситахои наклиёти рохи охани, оби, автомобили ва махсусан хавои таракки кард.

novye_mashiny_2
Дар идорахои алокаи СССР аз соли 1971 инчониб мошинхои почтаю кассавин системаи «Онега» истифода мешаванд, ки адади онхо беш аз 1300 аст. Бо ин мошинхо доду гирифти пул, кабули мактуб ва бандеролхои киматнок, посилкахо ва телеграммахоро ба кайд мегиранд, квитансия чоп мекунанд ва гайра; маълумоти доду гирифти пулхои ба почта ва телеграф омадаро ба навори телеграфи перфорация карда, барои назорати автомати бо ёрии аппаратхои ирсол ва канали алока ба маркази минтакавии хисобкуни мефиристанд. Мошинхои почтаю кассави самаранокии мехнати операторхои алокаро 1,5—2,0 маротиба меафзоянд.
Аз соли 1971 инчониб дар СССР почтаро ба шуъбахои почта ва пулктхои почталонхо (шкафхои металлии махсус) ба воситаи системахои моторонидашуда мекашонанд. Холо Техникаи почта якчоя бо татбики системахои автоматонидашудаи коркарди амалиёти почта ва инчунин бунёди системахои автоматонидашудаи идораи муассисахои калони почта ва худи сохаи алокаи почта таракки карда истодааст. Дар Точикистон соли 1981 Маркази хисоббарории Вазорати алока таъсис гардид, ки мутахассисони он як катор амалхои почтаро тавассути хисобмошинхои элехтрони хал мекунанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …