Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ БАЛАНДШИДДАТ

ТЕХНИКАИ БАЛАНДШИДДАТ

ТЕХНИКАИ БАЛАНДШИДДАТ, як кисми электротехникаро гуянд, ки ходисахои электрии баландшиддат (250 В ва беш аз он)-ро дар мухитхои гуногун тадкику татбик мекунад. Иктидори стансияхои электри торафт меафзояд. Барои ба истеъмолкунандагон беталаф расонидани энергия бошад, шиддати хатхои интиколи электрро баланд кардан лозим меояд. Масалан, агар энергияи ГЭС- хои Сарбанд (210 МВт) ва Кайроккум (126 МВт) ба истеъмолкувандагон тавассути хатхои электрии 220 кВ расонида шавад, пас барои анергияи ГЭС-и Норакро (2700 МВт) ба истеъмолкунандагон расонидан шиддати хати электр бояд ба 500 кВ расад. Холо сохтмони хатхои интиколи электрии 1150 ва 1500 кВ пешбяни шудааст.

energy-management_638

Яке аз вазифахои асосии Техникаи баландшиддат сохтани изоляцияи боэътимоду баландшиддат ва арзон аст. Конструксияи изоляциони мустахкамии электрии дарозмуддат ва кутохмуддат дошта метавонад. Мустахкамии электрии кутохмуддати изолясия кобилияти ба шиддати якбораи аз хад зиёд тоб оварда тавонистани онро ифода мекунад. Хангоми ба занчири электри пайвастан ё аз он чудо кардани элементи алохидаи система (масалан, дар лахзаи даргирондан ё хомуш кардани чароги электри), хангоми иттисоли кутох ва гайра ва ё хангоми раъду барк дар хатхои интиколи электр шиддат якбора меафзояд. Барои он ки шиддат аз худ афзуда, ба кори муътадили системаи электри зарар нарасонад, кобилияти диэлектрии материалхои изоляциони бояд баланд бошад. Дар системахои электрии хозира маъмултарин диэлектрик хавои мукаррарист, ки симхои нокилро ихота мекунад. Изоляцияи дохилии мошинхои электри ва аппаратхоро аксар ва омехтаи материалхои изолясионй (масалан, аз омехтаи равгани минерали ва когаз, картони электри ва гайра) тайёр мекунанд. Дигар масъалахои мухими Техникаи баландшиддат тадкики разряди точшакл мебошад, ки дар хатхои хавоии интнколи электри ба амал меояд. Разряди точшакл бошад боиси талаф ёфтани эпергия ва афканиши баландбасомаде мегардад, ки ба радиоалока халал мерасонад. Интенсивияти разряди точшакл ба бузургии шиддатнокии сатхи нокил вобаста аст; нокили диаметраш калонро истифода бурда талафи энергияро кам ва радиоалокаро бехтар кардан мумкин аст. Бо ин максад дар хатхои интиколи электр одатан ба чои сими яклухт якчанд сими алохидаро истифода мебаранд, масалан, дар хатхои баландшиддат аз (380 то 750 кВ) нокили дорои 2, 3 ва 4 сими алохидаро истифода мекунанд, ки фосилаашон андаряк 50 см мебошад. Кисми асосии Техникаи баландшиддат дастгоххои баландшиддат мебошад, ки барои озмоиши материалхои изолясиони таъин шудаанд. Трансформаторхои озмоишии пайвасташон пай дар пай ба сифати манбаи шиддати тагйирёбандаи басомадаш 50 Гц-а истифода мешаванд. Ин гуна трансформаторхоро барои шиддатхои то 3000 кВ месозанд. Шиддати доимии баланд (то 6000 кВ)-ро бо генераторхои электростатики ё худ росткунакхои пайвасташон пай дар пай хосил мекунанд.
А. Мадусмонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …