Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ЯДРОИ

ТЕХНИКАИ ЯДРОИ

ТЕХНИКАИ ЯДРОИ, як сохаи техникаро гуянд, ки энергияи ядроро истифода мебарад: мачмуи тачхизоти техники ва тадбирхои ташкилисет, ки ба истифодаи техникии хосиятхои ядроии моддахои гуногун оиданд.

tex-yadroi

Равияи асосил Техникаи ядрои: реакторсози, истехсоли сузишвории ядрои, сохтани узвхои гармибарор барои реакторхои ядрои, чудо кардани изотопхо, истехсол ва истифодаи изотопхои радиоактиви, тахияи усулхо ва тачхизоти мухофизаи организм аз шуоъхои радиоактив, истехсоли унсурхои таркибии реакторхои ядрои, махсусан графит, оби вазнин, сирконий, бериллий ва гайра; сохтани системахои муътамади танзим ва идораи автоматии реакторхо ва дастгоххои куввагии ядрои; эчоди системахои окилонаи интикол ва истифодаи гармие, ки реактор чудо мекунад; тахияи назария ва пешниходи усулхои хисоби процессхои ядрои ва физики, харорати ва халли бисёр проблемахои илмию техники бо Техникаи ядрои зич алокаманданд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …