Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗХАКАИ РУСИИ шахри Чкалов

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗХАКАИ РУСИИ шахри Чкалов

333

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗХАКАИ РУСИИ шахри Чкалов, коллективи эчодиест, ки августи 1949 таъсис ёфтааст. Дар муддати кариб 40 соли мавчудияташ театр бештар аз 200 намоишномаро ба сахна гузошта, таргибгари фаъоли комёбихои санъати театри совети гардид. Театр дар сахнаи худ бештар асархои классикони адабиёти рус, точик ва дигар республикахои бародари, драматургони пешкадами хоричиро намоиш медихад. Репертуари театр аз намоишномахои «Норасида-и Д. Фонвизин, «Беша»-и А. Островский, «Охирип»-и М. Горькии, «Писари калони»-и А. Вампилов, «Изтироб»-и А. Петрашкевич, «Кувони сафедро напарронед»-и Б. Васильев, «Инотацияи охирини И. Маяковский, «Баъди омадани корвон»-и Я. Гордон, «Роххои мушкил» ва «Бахти ноором»-и М. Рабиев, «Шуоои Отелла»-и А. Бахори ва гайра иборатанд. Репертуари театрро асархои драматургони хорнчи:’ «Истгохи охирин»-и Э. Ремарк, «Жодле»-и П. Скаррон, «Пеппи — Чуроби дароз»-и А. Лингрен (1976), «Ишки номафхум-и Н. Йорданов (1977), «Зани дуруггуи ман»-и М. Мэйо ва Н. Эннекен (1077), «Шогирди иблис»-и Б. Шоу (1970) ва гайра низ гани мегардонанд. Дар эчоди образхои ачиб ва барчастаи сахнави Артистони Хизматнишондодаи РСС Точикистон Ю. Соловей ва Г. Селеэнёва, артистон Ю. Абросимов, М. Юрченно, В. Мазов, В. Кошевая, А. Ямшов, Л. Устюхина, С. Самсонов, Б. Добронравов ва дигарон иштнрок мекунанд. Аксари намоишномахо аз чониби собик саррежисоёри театр
В. М. .Кошевая гузошта шуда, онхоро саррассом Я. Е. Гушин оро додадааст. Саррежиссёри театр А. В. Мамаев (аз соли 1979) мебошад.
Н. Исломов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …