Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР,

ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР,

ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР, коллективи эчоди, Театри Калони давлатии академии СССР. Театри опера ва бабалети совети, калонтарин маркази маданияти театрию мусикии рус, совети ва чахонист. Дар инкишофи театри мусики ва ташаккули анъанахои миллии санъати опера ва балети рус роли бузург бозидааст. Соли 1776 дар Москва таъсис ёфтааст. Бинои хозираи Театри калони СССР соли 1825 кушода шудааст (меъмор О. И, Бове, соли 1856 тармим гардидаст, сеъмор А. К. Кавос). Дар сахнаи Театри калони СССР аввалин операхои руси гузошта шудаанд.

teatri-sssr

Дар асри 19 тахияи опера ва балетхои композторони бузурги рус, М. И. Глинка, А. С. Даргомыжский, П. И. Чайковокий, М. П. Мусоргский, А. П. Бородин, Н. А. Римский-Корсаков, инчунин асархои як катор композиторони Европаи Гарби дар инкишофи Театри калони СССР ва ташаккули принципхои реалисти дар санъати вокалии он роли калон бозидааст. Дар ибтидои асри 20 мактаби вокали (Ф. И. Шалянин, А. В. Нежданова, Л. В. Собинов) ва балет рус (Е. В. Гельцер, В. Д. Тяхомиров, С. В. Фёдорова) шухрати чахони пайдо кард. Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ба инкишафи Театри калони СССР имкониятхои васеъ фарохам оварда, дари онро ба рун оммаи васеи мехнаткашон кушод. Театри калони СССР соли 1919 унвони академи гирифт. Дар инкишоф ва пешравии Театри калони СССР Сарояндагон — В. В. Барсова, Н. А. Обухова, К. Г. Держинская, И. С. Козловский, С. Я. Лемешев, И. Д. Михайлов, А. С. Пирогов, М. О. Рейзен, М. П. Максакова, И. К. Архинова, Е. В. Образцова, А. П. Огнивцев, В. А. Атлантов, Е. Е. Нестеренко ва дигарон солистони балет — М. Т. Семёнова, Г. С. Уланова, 0. В. Лепешинсная, А. Н. Ермолаев, А. М. Месссрер, М. М. Плисецкая, Е. С. Максимова, Н. И. Бессмертнова, В. В. Васильев, М. Лиепа, ва дигарон дирижёрон — В. И. Сук, Н. С. Голованов, А. М. Пазовский, А. Ш. Мелик-Пашаев, Ю. В. Файер, Б. И. Хаикин, 10. И. Симонов ва дигарон; режиссёрон Л. В. Баратов, Б. А. Покровскин, И. М. Туманов ва дигарон; балетместерон — Р. В. Захароз, Л. М. Лавровский, Ю. Н. Григорович ва дигарон; рассомон — Ф. Ф. Федоровский, В. Ф. Рындин, С. Б. Вирселадзе ва дигарон хиссаи калон гузоштаанд. Аз хунарпешахои точик Артистони хизматнишондодаи РСС Точикистон Б. Мухаммадкулов ва В. Каримов назди студияи вокалии Театри калони СССР малакаи сарояндагии худро сайкал додаанд. Аз соли 1961 спектаклхои Театри калони СССР дар Касри Сьездхои Кремль низ намоиш дода мешаванд.
Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1937, 1976).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …