Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова коллективи эчоди, яке аз кухнатарии театрхои байнирайонии республика аст, ки соли 1930 дар заминаи дастаи хаваскорони санъат (соли 1919 дар назди шуъбаи маорифи халк ташкил ёфта буд) таъсис шуд. Соли 1931 театр «Халима»-и Г. Зафариро ба сахна гузошт. Пас аз пайдоиши театри касби асархои зерин ба сахна гузошта шуданд: «Найрангхои Майсара»-и Х. Хамза, «Гулсара»-и К Яшин, «Голибият»-н Р. Чалил, «Дохунда»-и Ч. Икроми (дар асоси романи С. Айни), «Комсомолон»-и М. Саидов, « Арш ин -мололон“ – и У. Хочибоков ва гайра. Дар ташкили театр хиссаи мусикинавоз Н. Азимов калон аст.

kanibadam

Дар кори ба сахнагузори ва тахияи спектаклхои аввалин артистони театр Б. Неъматов, М. Гаффоров, Х. Косимов фаъолона иштирок доштанд. Барои равнаки эчодии коллектив хиссаи режиссёрони театр Р. Розиков ва С. Холматов зиёд аст. Артисти Халкии СССР Тухфа Фозилова, Артистони Хизматнишондодаи РСС Точикистон Латофат Орифова, Кимсан Махкамов ва дигарон рохи эчодии худро аз сахнаи хамин театр огоз намудаанд. Дар театр артистони номи ба монандн Ш. Кодирова, Т. Орифова, С. Ашурова, К. Дустматова, Ш. Каримова, Б. Чураев, Г. Шодиев, А. Неъматов ва гайра ба камол расидаанд. Холо (1986) дар театр баробари артистони кухансол М.Кодиров ва М. Эргашева, Артистони Хизматнишондодаи РСС Точикистон И. Мухаммадчонова, Д. Бахромова ва артистони бомахорат Б. Содиков, А. Ахмадов, М. Мухторов, X. Шарипов, режиссёр С. Холиков ва дигарон кор мекутанд. Ренертуари театр бой ва рангин аст: «Орият»-и М. Халимова, «Тухфа», «Вичдон»-и Хочи Содик, «Кучабоги ошикон»-и А. Шукухи, «Суруди кухсорон»-и Г. Абдулло, «Сирри дилхо»-и Д. Рахмонов, («Мочарои имтихон»-и А. Атобоев, «Ишки араб»-и. П. Меркме ва гайра. Аз соли 1977 саррежисёри театр М. Хайдаров аст. Коллективи эчодии театр бисёр вакт ба шахру районхои хамсоя, колхозу совхозхо бо спектаклхои нав ва программахои концерти сафари хунари мекунад.

Адабиёт: Нурджанов Н. X. Истории таджикского советстского театра, Душанбе, 1987. Н. Исламов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …