Маълумоти охирин

ТАЪРИХ

ТАЪРИХ (араби 1) хама гуна чараёни тараккиёти табиат ва чмъият. Ба ин маъни таърихи олам, таърихи Замин. таърихи илмхои чудогона (физика матсматика, ботаника, тиб ва гайра) хаст; 2) илмест, ки гузаштаи чамъияти инсониро бо тамоми конкрети ва гуногуниаш меомузад, то ки хозира ва ояндаи он дарк карда шавад. К. Маркс ва Ф. Энгелс ба илми таърих бахои баланд дода навишта буданд. ки таърихро метавон ба таърихи табиат ва таърихи одамон чудо кард. Вало харду ин тарафхои таърих ба якдигар узван пайнанданд ва то даме, ки одамон вучуд доранд, таърихи табиат ва таърихи одамон ба хамдигар вобастагии мутакобил доранд (нигаред К. Маркс и Ф. Энгслс. (сочинение т. 3. с. 16). Илми таърихи марксисти-ленини инкишофи чамъияти инсониро меомузад.

tarix
Илми таърих дар Точикистоии Совети низ ба дарачаи баланд таракки кардааст. Таърихи бои халки точик диккати мухаккиконро аз даврахои кадим ба худ чалб мекарл. Илми таърих дар сарзамими точикон хусусан аз давраи аввалин давлати точикон — давлати Сомониён ру ба таракки ниход. Вузургтарин намояндаи муаррихони ин давра Абубакр Наршахи мебошад. Китоби у «Таърихи Бухоро» яке аз маъхазхои нодир оид ба таърихи нохияхои чудогонаи Мовароуннахр, хусусан Бухоро хисоб мешавад. Дар асрхои минбаъда хам муаррихон Абусаиди Гардези («Зайн-ул ахбор»), Абулфазли Байхаки («Таърихи масъудй» ё худ «Таърихи Байхаки»), Абуумари Чузчони («Табакоти Носири»), Аловуддини Чувайни («Таърихи чахонкушои»), Шарофуддин Алии Язди («Зафарнома»), Мухаммад ибни Ховандшох ибни Махмуди Мирхонд («Равзат-ус-сафо»), Хондамир («Хабиб-ус-сияр фи ахбори афрод-ил-башар»), Мухаммадюсуфи Мунши («Таърихи мукимхони). Мухаммад Аминп Бухорои («Убайдуллонома»). Мухаммад Вафои Карминаги («Тухфаи хони»), Мухаммад Яъкуб («Гулшал-ул-мулук»), Ахмад Махдуми Дониш («Таърихчаи Бухоро») ва бисёр дигар муаррихон дар асархои худ вокеахои таърихии Осиён Миёнаро аз асри 10 то асри 19 тасвир кардаанд. Вале аксари асархои зикршуда таърихи шоху амирон мебошад. Дар онхо дар бораи халки мехнаткаш — эчодкори хакикии таърих маълумотхо каманд, аммо катъи назар аз тамоми махдудияти худ асархои таърихии асрхои гузашта барои муаррихони муосир чун маъхази пуркимат хизмат мекунанд. Илми хакикии таърих дар Точикистои танхо баъди галабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ба вучуд омад. Муаррихони Точикистои бо якчоягии олимони республикахои советии бародари дар асоси методологияи марксисти-ленини масъалахои мухталифи таърихро тадкик намуданд. Таърихи муттасили халки точикро аз даврахои кадим то давраи нав бори нахуст академик Б. Г. Гафуров навишт. Олимони республика таърихи даврахои кадим ва асрхои миёна (Н. Неъматов, А. Чалилов, Б. А. Литвинский, В. А. Ранов, У. Бобоев, У. Пулодов), масъалахои ба Россия хамрох карда шудани Осиёи Миёна, сохти иктисодию ичтимои ва сиёсии ин давра (Л. А Сомёнов, С. А. Рачабов, 3. Ш. Рачабов, Б. И. Искандаров, А. М. Мухторов, Н. М. Акрамов, 0. Р Мачлисов, Г. Т. Тухтаметов. Ш. Юсуфов. О. Бокиев, Н. Косимов. И. Турсунов)-ро тадкик намуда як силсила асархо офариданд.
Бо кушиши муаррихони республика таърихи Револютсияи Кабири Социалистии Октябр. Револтсияи халкии Бухоро, барношавии Хокимияти Совети, чанги граждани дар Точикистон (С. Айни, Б. И. Искандаров. Т. Каримов, Г. Хайдаров, М. Эркаев, К. А. Гафурова. Ш.Чалилов). индустрони, ташаккул ёфтани синфи коргари Точикистон (Ю. Л. Николаев, Т. Лугмонов. М. Аличонов. И. Сангинов. X. Холчураев, Х. Дустов) галаба ва тараккии сохти колхози дар республика (Х. Саидмуродов, Х. Ахмадов, X. Бобоева. Г. Наврузов, П. Антоненко. К. Марсаков, А, Рахматуллоев, Ф.Иванов), Чанги Бузурги Ватани (Ч. Усмонов, Л. П. Сечина, А. Рустамов), тантанаи сиёсати миллии ленини, революцияи мадани (М. Р. Шукуров, Ш. М. Султонов, Х. Г. Гадоев, И. О. Обидов, А. Вишневский, А. Кодиров, С. Мухторов), масъалаи озодии занон ва иштироки онхо дар сохтмони социализм ва коммунизм (М. Хонсуворова, Г. Ёкубов, Р. А Набиева, С. Назарова, Г. Мухторова, X. Сулаймонова) тадкик карда шудааст. Дар сохаи этнографияи халки точик (М. С. Андреев, Н. Н. Ершов, М. Рахимов, А. К. Писарчик, М. Хомидчонова, И. Мухиддинов) ва илми таърихшиносии республика (А. Г. Слонимский, Р. Масов) низ асархои бисёре эчод шудаанд. Муаррихони реслублика дар тадкики таърихи халкхои афгон (Х. Назаров, Л. Темирхонов, Д. Саидмуродов, С. Шохуморов), Эрон (К. Асаддуллоев. Т. Мухиддинов, Н. Мирзоел, Д. Исмоилов) ва гайра низ сахми муносибе гузоштаанд.
Тадкикоти илми дар сохаи таърих дар муассисахои махсус дар институтхои таърихи Академияи Фанхои СССР ва республика, дар «музейхо, кафедрахон таърихи мактабхои оли, архивхо, чамъияти муаррихон ва гайра гузаронида мешавад. Ин муассисахо гайр аз таълифи китобхои илми хуччатхои таърихии маъхазхои таърихиро низ чоп мекунанд. Доир ба таърих журналхои махсуси «История СССР», «Вопросы истории» ва гайра нашр мешаванд.
М. Бобохонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …