Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН»

«ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН»

«ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН» китобест доир ба таърихи хонии Хуканд. Таълифи Мулло Олим Махдумхочаи Тошканди, аз 2 кисм иборат. Китоб таърихи аз аморати Бухоро чудо шудани хонии Хуканд ва бо сардории Шохрух ташкил ёфтани хонии нав, ба Россия хамрох шудани хони, таърихи хонхои Хуканд, чангхои дуру дарози онхо, муносибати байни аморати Бухоро ва хонии Хуканд, муносибати хонии Хуканд бо Россия ва гайраро муфассал дар бар мегирад. Дар асар доир ба норозигии оммаи халк аз бою амалдорон, шуришхои халки маълумотхои зиёде мавчуданд. Дар «Таърихи Туркистон» доир ба мансабхои замони хонии Хукалд (мингбоши, кушбеги, парвоначи, шиговул, ноиб, атолик, додхох, мехтарбоши, шарбатдор, дастархончи, хазинадор, махрамбоши, понсадбоши, туксабо, девонбеги, мирзобоши, саркор, мирохур, юзбоши, баковулбоши, дахбоши, козикалон, кози — аскар, аълам, муфти, мударрис, шайхулислом, шайхулмашоих ва гайра) ва анъанахои этнографи маълумотхо фаровонанд. Асар соли 1915 дар Тошкент чоп шудааст. «Таърихи Туркистон барои омухтани таърихи хонии Хуканд сарчашмаи муфиде мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.