Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ОЛАМОРОИ АББОСИ»

«ТАЪРИХИ ОЛАМОРОИ АББОСИ»

«ТАЪРИХИ ОЛАМОРОИ АББОСИ» асари Искаидарбеки Мунши, ки ба ба забони форси таълиф шуда, ба таърихи хонадони Сафавиён ё Кизилбошхо оид аст. Муаллиф асари худро соли 1629 ба итмом расонддаст. «Таърихи оламорои Аббоси» аз мукадима (иборат аз 12 Маколл ду мучаллаи ва хотима иборат аст. Асар дар бораи вазъияти иктисодию ичтимои ва сиёсии Эрони охири асри 16—аввали асри 17 маълумот дода, аз тарзи давлатдори, сохти маъмурии мамлакат, хкрочу андоз, ахволи халк, хуручхои зиддифеодали ва сиёсати берунаи давлати Сафавиён бахс мекунад. «Таърихи оламорои Аббоси» дар бораи сиёсатмадорон, хокимони музофотхо, олимон ва рухониёни намоёни шиа низ маълумот медихад. Ин китоб барои тахкики таърихи Мовароуннахри асрхои 16—17 маъхази пурбахоест. Дар асар муносибати Сафавиён бо Бобур ва Шайбониён ботафсил баён ёфтааст. Баёни вокеахо дар «Таърихи оламорои Аббоси» аз руи тартиби солхо буда, бо сабки равон навишта шудааст. «Таърихи оламорои Аббоси» идома низ дорад, ки он бо унвони «Замимаи таърихи оламорон Аббоси» маълум аст. Бобоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.